Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International аз президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов даъват кард, ки ба қонун "Дар бораи намояндагони хориҷӣ" вето гузорад. Ин тарҳи қонун рӯзи 14 март аз сӯи порлумони он кишвар қабул шуд. Изҳороти созмон дар сомонаи он нашр шудааст.