Мудири Amnesty International дар умури Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Мари Струтерс гуфт, қабули ин қонун аз сӯи порлумон ташвишовар аст. "Ин иқдом на танҳо ҳуқуқ ба озодии муттаҳидшавӣ ва мустақилии созмонҳои ҷамъиятӣ таҳдид мекунад, балки худи сохтори ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистонро барҳам мезанад", - гуфт Струтерс.
Ба гуфтаи вай, Ҷабборов "метавонад ва бояд вето гузорад".
Пештар аз ин намояндагии Иттиҳоди Аврупо, сафоратҳои Канада, Фаронса, Олмон, Бритониё ва ИМА дар Бишкек роҷеъ аз қабули лоиҳаи қонуни "намояндагони хориҷӣ" дар порлумони Қирғизистон изҳори нигаронӣ карданд.
Намояндагиҳои кишварҳои ғарбӣ дар изҳороти муштараки худ гуфтаанд, ки муқаррароти лоиҳаи қонун фаъолияти озодонаи созмонҳои ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматиро зери хатар гузошта, бо меъёрҳои байналмиллалӣ мухолифат дорад.
"Агар қонун дар шакли кунунӣ ба тасвиб расад, метавонад ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ, ки ба хидматрасонии асосӣ, аз қабили ғизо, тандурустӣ ва омӯзиш аз сӯи созмонҳои ғайритиҷоративу ғайридавлатӣ эҳтиёҷ доранд, зарар хоҳад расонд", - гуфта шудааст дар изҳорот.
Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 14-уми март тарҳи қонун "дар бораи намояндагони хориҷӣ"-ро қабул карданд.
Муаллифи лоиҳа ва намояндаи дигари мардумии қирғиз Нодира Норматова гуфт, ин қонун барои таъмини амнияти Қирғизистон лозим аст ва он бояд 10 сол пеш қабул мешуд.
Бар асоси қонуни мазкур, дар Қирғизистон созмонҳои иҷтимоӣ ва ғайридавлати, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мегарданд, "намояндаи хориҷӣ" эълон хоҳанд шуд.
Чанде аз созмонҳои байналхалқӣ аз мақомоти Қирғизистон хоста буданд, ки ин тарҳро қабул накунанд. Тарҳи мазкурро ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" ташбеҳ мекунанд.