Шеваи гузор аз давлати уммавӣ ба аббосӣ дар ҳар минтақа ва вилоят фарқ мекард. Масалан бахши бузурге аз Эрони Сосонӣ сад сол буд, ки ба тасхири арабҳо даромада ва ашрофу маъмурони маҳаллии собиқан сосонӣ ба ислом гаравида буданд. Онҳо ба ҳамон сурат аз дудмони нави аббосӣ истиқбол намуданд.
Дар ин суҳбат саргузашти тасхири ниҳоии Мовароуннаҳр аз сӯи арабҳоро шарҳ хоҳем дод.
Дар суҳбати гузашта аз вазъи Мовароуннаҳр, таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии он то зуҳури ислом сухан гуфта будем. Дар ин суҳбат мехоҳем аз нахустин ҳамлаҳои лашкариёни арабӣ-исломӣ ба Ховари Миёна то ҳокимияти комили исломӣ-арабӣ бар ин минтақа сухан бигӯем.
Бахши аввали силсилабарномаи таърихӣ зери унвони "Реги Омӯ" дар Радиои Озодӣ.