Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти садҳо муҳоҷири афғон дар Покистон


Нерӯҳои интизомии Покистон дар чаҳор рӯзи гузашта дар шаҳри Исломобод тақрибан 200 муҳоҷири афғонро боздошт кардаанд.

Шӯрои муҳоҷирони афғон дар Исломобод иддао кардааст, ки танҳо рӯзи 5-уми январ 50 муҳоҷири афғон дастгир шуданд. Ҳукумати Покистон то кунун дар мавриди ин боздоштҳо изҳори назар кардааст.

Майванд Оламӣ, раиси Шӯрои муҳоҷирони афғон, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "бар асоси маълумоти ман, дар чор ё панҷ рӯзи гузашта ҳудуди 180-200 афғон боздошт шудаанд. Танҳо рӯзи якшанбе байни 40 то 50 нафар. Дар баъзе аз минтақаҳо занон низ дастгир ва ба боздоштгоҳҳо интиқол дода шуданд".

Бо ин ҳол, ҳеч як аз ниҳодҳои давлатии Покистон дар мавриди боздоштҳо изҳори назар накардааст.

Муҳоҷирони афғони муқими Исломобод вазъиятро тасдиқ мекунанд. Атиқуллоҳ, яке аз муҳоҷирон ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "бо оғози соли нав, пулиси Покистон амалиёти худро оғоз кард. Ҳар касе, ки санад надорад ё ҳатто агар санад дошта бошад, ӯро ба милисахона мебаранд."

"Ҳадафи аслии онҳо фақат гирифтани пул аст, рафторашон бисёр бад аст ва ҳеч раҳм надоранд. Занон ва кӯдаконро аз хонаҳо берун мекашанд ва бо мошинҳо мебаранд. Ба ҳарфи ҳеҷ кас гӯш намедиҳанд ва афроди бисёреро боздошт карданд," -- илова кард ӯ.

Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу видеои зиёде даст ба даст мешавад, ки нишон медиҳанд, шумори зиёде аз нерӯҳои амниятии Покистон дар минтақаҳои афғоннишини Исломобод ҷобаҷо шудаанд. Дар баъзе аз ин наворҳо дида мешавад, ки нерӯҳои покистонӣ бо паноҳандагони афғон бархӯрди нодуруст мекунанд.

Муҳсин Довар, намояндаи пешини порлумони Покистон, рӯзи 4-уми январ дар саҳифааш дар шабакаи "Х" навишт, ки боздошти афғонҳо бо вуҷуди доштани санадҳои қонунӣ нақзи ошкори ҳама ҳуқуқи инсон аст ва таъкид кард, ки ин амал нишондиҳандаи нафрати амиқ алайҳи афғонҳо мебошад.

Ҳамзамон Анҷумани ҳуқуқи шаҳрвандии афғонҳо дар Покистон дар баёнияе эълон кард, ки Изаттулоҳ Бахшӣ, раиси ин анҷуман, аз сӯи нерӯҳои амниятии Покистон боздошт шуда, бо таҳдиди бозгашти маҷбурӣ бар Афғонистон рӯбарӯ аст.

Бархе аз ҷунбишҳои занон ва ниҳодҳои фаъоли шаҳрвандӣ низ дар номаи боз ба Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон аз вазъияти бади муҳоҷирони афғон дар Покистон ва Эрон ҳушдор додаанд.

Амалиёти ҷустуҷӯ ва бозрасии нерӯҳои Покистон дар минтақаҳои афғоннишини Исломобод дар ҳоле афзоиш ёфтааст, ки Муҳсин Нақавӣ, вазири корҳои дохилии Покистон пештар эълон карда буд, ки баъд аз 31-уми декабри соли 2024 афғонҳои бесанад иҷозаи иқомат дар Исломободро нахоҳанд дошт.

Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пулиси Покистон ҳатто баъзе аз афғонҳоеро боздошт кардааст, ки илова бар виза иҷозатномаи иқомат аз сӯи пулисро низ доштаанд.

XS
SM
MD
LG