Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зодаи Тоҷикистон фармондеҳ дар артиши Сурия шудааст


Сайфиддин Тоҷибоев дар Вазорати дифои Сурия мансаби баланд гирифтааст
Сайфиддин Тоҷибоев дар Вазорати дифои Сурия мансаби баланд гирифтааст

Сайфиддин Тоҷибоев, як тоҷикистонӣ, ки бо гумони "ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ва даст доштан дар амалиётҳои террористӣ" дар Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешавад, дар артиши нави Сурия мансаби баланд гирифтааст.

Тоҷибоев 41 сол дорад ва зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аст. Ӯ фармондеҳи шохаи низомии гурӯҳи "Ҷамоати Тавҳид ва Ҷиҳод" (Абӯ Убайда ибн Ҷарроҳ) буд, ки бо "Ҳайати Таҳрир аш-Шом" якҷо зидди ҳукумати Башор Асад меҷангиданд. Аксари ҷангҷӯёни ин гурӯҳ зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд.

Блогерони тоҷики наздик ба гурӯҳи "Ҳайати Таҳрир аш-Шом" рӯзи 3-юми январ дар саҳифаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки Сайфиддин Тоҷибоев дар вазорати дифои ҳукумати Сурия фармондеҳи “Қоид амалият фил-Ливо”, яъне сардори Ситоди амалиётӣ таъин шудааст.

Ӯ дар суҳбат бо блогерон гуфтааст, ки ба кораш дар мансаби нав оғоз кардааст.

Ҳукумати нави Сурия, ки пас аз фирори Башор Асад дар рӯзи 8-уми декабр ташкил шуд, ин хабарро тасдиқ ва рад накардааст, вале рӯзи 31-уми декабр хабаргузории Ройтерз хабар дод, ки ҷангҷӯёни хориҷӣ дар артиши нави ин кишвар мансаб гирифтаанд. Манбаи ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки аз 50 мансаби нав дар Вазорати дифои Сурия шаштои он ба ҷангҷӯёни хориҷӣ дода шудааст.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 5-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз мансаб гирифтани Сайфиддин Тоҷибоев хабар доранд.

"Аз соли 2013 Тоҷибоев бо бародараш ба Сурия рафта, дар саффи гурӯҳҳои террористӣ дар ҷангҳо иштирок кардаанд. Ӯ чанд шаҳрвандро ба саффи гурӯҳҳои террористӣ ҷалб кардааст. Нисбати ӯ парванда ҳаст ва ҷустуҷӯ мешавад,"--гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон Сайфиддин Тоҷибоев дар феҳрасти афроде ҷой дода шудааст, ки ба терроризм айбдор шудаанд ва муомилаи пулӣ бо онҳо мамнӯъ дониста мешавад.

Блогерони наздик ба "Ҳайати Таҳрир аш-Шом" навиштаанд, ки рутбаи Сайфиддин Тоҷибоев майор буд ва ҳоло ба ӯ рутбаи полковник додаанд.

Сайфиддин Тоҷибоев
Сайфиддин Тоҷибоев

Маълум нест, ки ба ӯ шаҳрвандии Сурия додаанд ё на.

Расонаҳои ҳукуматии Тоҷикистон борҳо Сайфиддин Тоҷибоевро барои ҷалби шаҳрвандони ин кишвар ба ҷангҳо дар хориҷи кишвар танқид кардаанд.

Тоҷибоев то рафтанаш ба Сурия узви Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон будааст. Ӯ соли 2012, як муддат раҳбар ин ҳизб дар ноҳияи Спитамен буда, баъдан аз ин мақом истеъфо додааст.

ҲНИТ, як ҳизби порлумонӣ дар Тоҷикистон буд, ки соли 2015 онро "террористӣ" эълон карданд ва даҳҳо фаъолаш зиндонӣ ва фирорӣ шуданд. Фаъолони ҳизб тасмими мақомоти тоҷикро бедалел ва тӯҳмат медонанд.

Мақомоти тоҷик исми Тоҷибоевро дар ҳамлаҳои иттилоотӣ бар зидди ҲНИТ истифода мекарданд. Худаш дар суҳбат бо блогерон гуфтааст, ки аз сиёсатҳои ин ҳизб низ норозӣ буд, вале "фишору зулми мақомот ӯро маҷбур кард, ки Тоҷикистонро тарк кунад."

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки аз соли 2014 то соли 2017 беш аз ду ҳазор тоҷикистонӣ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Аксари онҳо дар саффи ДОИШ буданд, ки ин гурӯҳ шикаст хурд. Тоҷиконе, ки дар "Ҳайати Таҳрир аш-Шом" меҷангиданд, аксаран дар вилояти Идлиб буданд. Идлиб аз соли 2015 дар дасти "Ҳайати Таҳрир аш-Шом" буд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, аз ҳузури наздик ба 400 шаҳрванди Тоҷикистон дар Идлиб маълумот доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG