Дар Тоҷикистон онҳое, ки барои табобату ҷарроҳии наздикони худ дар хориҷа, бахусус Ҳиндустону Олмон, Русия ва Исроил пул меҷӯянд, афзудааст. Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаи ҷамъоварии пул барои табобати ин ё он сокини кишвар ба роҳ монда мешавад.
Оё як нафар метавонад, як вазоратро аз зовияи хуб ба мардум муаррифӣ кунад? Баъзеҳо мегӯянд, бале. Баъзеи дигар мегӯянд, як гул ҳанӯз нишони баҳор нест ва як нафар наметавонад тасвири куллии ниҳодро, ки дар байни мардум чандон баобрӯ нест, аз байн бибарад.
Бар асари фаромадани сел дар дараи Варзоб, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд наздик ба як шабонарӯз баста монд. Ҳамчунин бархе аз қисматҳои шаҳри Душанбе бар асари ин селхезӣ ва харобии системаи интиқоли об, беш аз 24 соат беоб монданд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар ҳодисаи худкушии Зӯҳро Маҳмуродова -- як ҷавонзани норакӣ, ки худ ва чаҳор фарзандашро ба дарё андохт, шавҳар, оила ва атрофиёнро гунаҳкор медонад.
Як ширкати мухобиротии Тоҷикистон барои муқоисаи арзиши хадамоти интернетӣ бо лимӯву макарон муҷозот шуд.
Мардикорбозор дар Тоҷикистон маъмулан макони ҷаъомади мардони корҷӯй аст. Аммо чунин ба назар мерасад, ки акнун занон ҳам вориди бозори кори мардҳо мешаванд ва халта дар даст дар баробари мардон аз субҳ то шом интизори дарёфти коре ҳастанд.
Маърифат Абдуллоева танҳо занест, ки дар миёни даҳҳо мард дар мардикорбозори маҳаллаи 82-юми Душанбе аз субҳ то шом дар интизори корфармо аст. Ҳар рӯз барои фарзандонаш пули ночизе ба даст оварда ба назди фарзандонаш мебарад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, зоҳиран муаммои нопадид шудани се кӯдак аз як маҳалла дар Душанберо боз кардаанд. Дар вазорати умури дохилӣ рӯзи 25-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки як зану ду мардро бо иттиҳоми дуздидани духтараки ҳафтсола дастгир кардаанд.
Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон як гурӯҳи муташаккили ҷиноиеро ошкор ва боздошт карданд, ки ба эҳтимоли зиёд дар чанд соли охир ба кӯдакрабоӣ дар шаҳри Душанбе машғул будаанд.
Масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз ин, ки бархе гурӯҳҳои ҳунарии мустақил барои баргузории намоишҳои худ дар миёни мардум аз номи вазорат сӯиистифода мекунанд, изҳори нигаронӣ карданд.
Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, гуфт, ба далели камбуди маблағ дар буҷа наметавонанд ҳамаи бекоронро бо кумакпулие, ки қонун пешбинӣ кардааст, таъмин намоянд.
Раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон гуфт, дар шаш моҳи гузашта ба онҳо бештар бонкҳо, аз ҷумла "Агроинвестбонк" барои рӯёндани қарзи додаашон аз сокинон муроҷиат кардаанд. Дар ин муддат 232 парвандаи вобаста ба рӯёндани қарз баррасӣ шудааст.
Ба феҳристи молҳои содиротии Тоҷикистон барои аввалин бор дар баробари алюминиюм, нахи пахта ва меваю сабзавот, ҳамчунин семент ва сангҳои гаронбаҳо изофа шудааст.
Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, собит шудани бегуноҳии бародарашро ба волоияти қонун дар кишвар марбут донист. Ӯ гуфт, "аз он ки бародари ман бегуноҳиаш собит шуд, ин маҳсули волоияти қонун дар Тоҷикистон аст."
Ҷумҳурии Исломии Эрон пахши барномаҳои телевизиони муштараки се кишвари форсизабонро дар қаламрави кишвараш иҷоза намедиҳад.
Маҳмадсаид Пиров, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон пахши барномаҳои телевизиони муштараки се кишвари форсизабонро дар қаламрави кишвараш иҷоза намедиҳад.
Пизишкони Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Тоҷикистон амали пайванди гурдаро барои Эмомиддин Холов -- сарбозе, ки аз норасоии шадиди гурда ранҷ мебурд, анҷом доданд.
Пизишкони Маркази миллии пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои инсон ҷарроҳии табдили гурда барои Эмомиддин Холов, сокини деҳаи Ҳоити ноҳияи Раштро анҷом додаанд.
Ягона зоишгоҳи ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Узбакистон, барои кумак ба занҳои ин минтақаи иборат аз 23 ҳазор ҷамъият хизмат мекунад. Ин зоишгоҳ соли 1950 сохта шуда, ҳоло хеле фарсуда шудааст.
Ёфтҳои бештар