Сохтмони нотамоми нахустин парки обии маъруф ба "Аквапарки Душанбе" баъди 12 соли таваққуф дубора ба роҳ монда шуд. Масъулияти сохтмони ин аквопаркро як ширкати итолиёии мавсум ба "Престон барбиери" бар уҳда гирифтааст.
Сӯҳроб Қурбонов, рассоми саршиноси тоҷик пас аз маргаш ба нишони ифтихорӣ, ки “Барои саҳми вижа дар ҳамкориҳои байналмилалӣ" ном дорад, ноил шуд.
Бархе аз сокинони пойтахт бо насби “домофон” (door phone) ё телефонҳои махсус меҳмонҳоро қабл аз вуруд ба дохили бино аз тариқи дурбин дида, бо онҳо гуфтугӯ мекунанд ва баъд аз он тасмим мегиранд, ки иҷозаи вуруд диҳанд, ё на.
Аз рӯи суннатҳои тоҷикон хонаи волидон моли писар ҳисоб мешавад ва волидон қабл аз марги худ тамоми амволашонро ба таври шифоҳӣ ё хаттӣ ба писарон васият мекунанд. Духтарҳо маъмулан аз мерос маҳруманд.
Бар асоси як пажӯҳиш, ки ахиран анҷом шудааст, яке аз сабабҳои фармонбардории занон аз мардҳо, вобастагии молии онҳост. Аз ҷумла, 32 % занон иқрор шудаанд, ки ба хотири таъминоти либосу хӯрока маҷбуранд ба мардҳо итоат кунанд.
Сокинони Душанбе, ки моҳҳо интизори кушодашавии “Ашан” – бузургтарин фурӯшгоҳ дар Тоҷикистон ва ҳамин тавр Осиёи Марказӣ буданд, дар нахустин рӯзи фаъолияти он дар чоршанбеи 22 июн, пас аз навбатпоии зиёд, вориди ин фурӯшгоҳ шуданд.
Теъдоди паноҳандагон дар саросари ҷаҳон дар ҳоли афзоиш аст, аммо дар Тоҷикистон аз коҳиши теъдоди паноҳҷӯён хабар мерасад.
Сокинони Душанбе, ки моҳҳо интизори кушодашавии “Ашан” – бузургтарин фурӯшгоҳ дар Тоҷикистон ва ҳамин тавр Осиёи Марказӣ буданд, дар нахустин рӯзи фаъолияти он, пас аз навбатпоии зиёд вориди ин фурӯшгоҳ шуданд.
Зоҳиран раисҷумҳури Тоҷикистон дар сафаҳоти иҷтимоӣ миёни бештаре аз форсизабонони дунё рӯз ба рӯз маъруфияти бештаре касб мекунад.
Дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамҷинсгароӣ бар асоси ақоиди динӣ назар мешавад, вале айни замон мардум қатлу куштори ҳаргуна табақаро маҳкум мекунанд.