Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Интернет лимӯ нест"


Ширкатҳои мухобиротии “Tcell” ва “Beeline Tajikistan” барои қонуншиканӣ дар танзими нархномаҳои худ дар маҷмӯъ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар қарори худ гуфтааст, ки ин ширкатҳо барои “таблиғоти номуносиб” ва номутобиқии он ба талаботи қонун “Дар бораи реклама” муҷозот мешаванд.

Акбар Хоҷаев, сардори раёсати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ рӯзи панҷшанбеи 28 июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, “ин ширкатҳо барои пешкаши нодурусти огаҳӣ ба мардум дар таблоҳои кӯчаву хиёбонҳо ҳар кадоме ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд”.

Ба гуфтаи ҷаноби Хоҷаев, аз ҷумла ширкати мухобиротии “Beeline Tajikistan” дар рекламаи худ нархи як баста интернетро “баробар бо арзиши як дона лимӯ” арзёбӣ кардаву бо ин роҳ хостааст мардумро ба хариди интернет ташвиқ кунад. Ҳамчунин ба иттилои ҷаноби Хоҷаев, ширкати “Beeline Tajikistan” дар торнамояш эълонеро паҳн кардааст, ки дар он гуфта мешавад, “Як бастаи интернети номаҳдуд 1,5 сомонӣ ва ё баробар бо нархи лимӯ ё макарон аст”.

Мақомоти хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, ки нархи лимӯ вобаста ба мавсим тағйир меёбад ва арзиши як донаи он дар бозор то ба се сомонӣ мерасад ва ба ин далел муқоисаи арзиши бастаи интернет бо лиму “мантиқ надорад”. Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯянд, ки бар асоси банди 7 қонун “Дар бораи реклама” дар таблиғот набояд моли фурӯширо бо қимати моли дигар муқоиса кард. Нархи макарон дар Тоҷикистон, вобаста ба сифаташ аз 3 то 15 сомонӣ ва бастаи интернет - панҷ сомонӣ мебошад. Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи 28 июл инчунин таъкид карданд, ки аз ин пас ба хотири ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунанда, назоратро аз болои фаъолияти ширкатҳои мобилӣ, бахусус дар самти реклама пурзӯр хоҳанд кард.

Аммо масъулони ширкати “Beeline Tajikistan” ҷарима шудани худ аз ҷониби хадамоти зиддиинҳисориро “ноодилона” арзёбӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, айнан ҳамин стратегияи муқоиса бо қимати маҳсулоти дигарро дар таблиғот дар 14 давлати дигари намояндагии онҳо хуб қабул карда танҳо Тоҷикистон нуктагирӣ кардааст.

Константин Колесов, раиси кулли ширкати “Beeline Tajikistan” дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 29 июл гуфт, дар ҳоле, ки мақомот аз кори ин ширкат интиқод мекунанд, “то ҳол ҳеҷ як муштарии онҳо дар Тоҷикистон

аз ин назар шубҳа накардааст”. Колесов гуфт, “Хадамоти зиддиинҳисорӣ дунболи баҳонае мегардад ва ё шояд нақшае дорад, ки ба рекламаҳои мо хурдагирӣ кунад. Аммо ин кори онҳо чандон дуруст нест, чунки ҳар як ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон барои пештозӣ дар бозор мубориза мебарад. Аз сӯи дигар, тибқи қонунгузории кишвар бояд тамоми тарофаҳои ширкатҳо бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа шавад, аммо, мутаассифона, худи хадамот вазифаҳои худро хуб иҷро намекунад ва ё корро ба таъхир меандозад”.

Константин Колесов гуфт, “ҳеч меъёри байналмилалие барои пешкаши реклама вуҷуд надорад. Дар бисёри кишварҳо қонунҳое амал мекунад, ки муқоисаи арзиши тарофаҳои як ширкат бо тарофаҳои ширкати рақибро иҷозат намедиҳад». Дар мавриди пардохти ҷарима бошад, гуфт Колесов, «ҳоло, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз ин ширкат талаби пардохти 10 ҳазор сомонӣ ҷаримаро кардааст, ночоранд итоат кунанд. Ҳарчанд ширкат ин талабро беасос меҳисобад».

Қимати Интернет дар Тоҷикистон гарон боқӣ мемонад

Дар ҳамин ҳол, бархе корбарони интернет ва телефонҳои мобил дар Тоҷикистон аз қимати баланди ин хадамот дар кишвар чандон розӣ нестанд. Шозия, як сокини Душанбе мегӯяд, ҳар рӯз бо қимати 1,60 сомонӣ – 40 мегабайт интернетро харидорӣ мекунад, аммо наметавонад аз он хуб истифода кунад. Вай мегӯяд, интернет заъиф буда меъёри харидорӣ кардааш зуд тамом мешавад.

Ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон 1000 мегабайт ё як гигабайт интернет бо суръати миёна - аз бист то панҷоҳ сомонӣ арзиш дорад. Бо ин ҳаҷм имкони дидани файлҳои сангини видеоиву бисёррасонаӣ имкон надорад ва корбарии онҳо аз интернет бо дастрасӣ ба барномаҳои сабук ва ё танҳо шабакаҳои мухобиротӣ ва ё иҷтимоӣ маҳдуд мешавад.

Пойгоҳи байналмилалии оморҳои марбут ба интернет Internet Live Stats дар як раддабандӣ Тоҷикистонро ахиран аз ҷиҳати шумораи корбарони интернеташ дар ҷаҳон дар мақоми 157 қарор додааст. Бинобар арзёбии ин пойгоҳ шумораи корбарони интернет дар Тоҷикистон 1 миллиону 622 ҳазор нафар мебошад. Яъне аз 8 миллиону 669 ҳазор аҳолии Тоҷикистон танҳо каме беш аз 18 дарсади мардум ба интернет дастрасӣ доштаанд. Ба иттиои ин манбаъ, дар як соли охир шумораи корбарони интернет дар Тоҷикистон 67 ҳазор нафар ва ё 4,3 фисад бештар шудаанд.

Омори пешниҳодкардаи Internet Live Stats дар марвиди шумораи корбарони интернет дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернетро ба маротиб бештар баршумурдааст. Бинобар иттилои охирини Хадамоти алоқа дар Тоҷикистон 3 миллион истифобарандагони интернет мавҷуданд. Ҳамзамон Хадамоти алоқа гуфта буд дар як соли охир шумораи корбарони интернет 800 ҳазор нафар коҳиш ёфтаанд.

Мухобирот шояд ягона соҳае дар Тоҷикистон аст, ки солҳои охир рушди чашмгире дошт, вале, ба гуфтаи таҳлилгарон, дар натиҷаи афзоиши молиёт ҷаримабандиҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ин соҳа ҳам дучори мушкилоти зиёд шудааст.

"Вазъи ширкатҳои мухобиротӣ мушкил шудааст"

Ғафурҷон Эркаев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 29 июл гуфт, ширкатҳои

Ғафурҷон Эркаев
Ғафурҷон Эркаев

мобилӣ ҳоло дар вазъияти ногувори молӣ қарор доранд: “Аз як сӯ, таҳти таъсири бӯҳрон муштариён хароҷоташонро барои алоқа кам карданд. Аз сӯи дигар, аз чор тараф мақомот ширкатҳоро тафтиш карда ҷарима мебанданд - андоз, сӯхторхомӯшкунӣ, сохтори зиддиинҳисорӣ. Агар вазъият ҳамингуна идома кунад, шояд бархе аз манотиқи Тоҷикистон бе алоқаи мобилӣ мемонад, чунки бисёре аз манораҳои алоқа дар минтақаҳо судовар нестанд дигар”.

Дар Тоҷикистон чор ширкати бузурги мобилӣ – «Бабилон», «Мегафон», «Beeline» ва «Tcell» ба муштариён ҳамзамон гуфтугӯҳои мобилӣ ва интернети мобилиро ироа мекунанд. Дар бозори интернет беш аз 10 ширкат фаъолият дорад.

XS
SM
MD
LG