Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти бонкҳо аз қарздорон афзудааст


Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон
Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон

Мақомоти Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ним соли гузашта шикояти бонкҳо аз болои қарздорон афзудааст. Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ, 20 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар ин муддат 232 парвандаи вобаста ба рӯёндани қарз аз сокинонро баррасӣ кардаанд, ки ба қавли ӯ "ин нишондод хеле зиёд аст". Аммо ӯ дақиқан нагуфт, ки чанд парванда ба даъвои бонкҳо бо муштариёнашон дахл дорад.

Ба гуфтаи Наим Мансурзода, шикояти бонкҳо аз ин будааст, ки сокинон дар вақти муайяншуда қарзҳои гирифтаи худро насупоридаанд. Дар мавриди ин ки ин бонкҳо кадоманд? Мансурзода гуфт: "Асосан бонкҳо ва созмонҳои қарздиҳӣ буданд, бахусус "Агроинвестбонк". Онҳо натавонистаанд, ки сари вақт қарзҳои ба сокинон додаи худро бозпас гиранд. Барои ҳамин, бо ариза муроҷиат карданд ва додгоҳҳои иқтисодии кишвар ин қазияҳоро баррасӣ намуданд."

Раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон гуфт, дар маҷмӯъ беш аз як миллиард сомонӣ қарзи сокинон ба фоидаи даъвогарон ва давлат рӯёнда шудааст.

Афзоиши шикояту ҷанҷолҳои додгоҳии бонкҳо, бахусус "Агроинвестбонк" бо сокинон дар ҳолест, ки дар ин авохир муштариёни ин бонк дар дарёфти пули нақд мушкил доранд ва, ҳамин тавр, эълонҳои зиёди фурӯши амволи ин бонк дар расонаҳо ҳам муштариёнашро нигарон кардааст. Муштариёни бонк аз он дар ҳаросанд, ки "Агроинвестбонк" низ ба чунин шева мисли "Тоҷиксодиротбонк" қобилияти пардохтпазирии худро аз даст надиҳад.

Ҳарчанд мақомот дақиқ намегӯянд, ки иллати афзоиши даъвоҳо аз болои қарздорон чист, вале таҳлилгарони масоили иқтисодӣ ин вазъро ба тӯлонитар шудани буҳрони молӣ рабт медиҳанд. Собир Вазиров, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, бӯҳрон шурӯъ аз соли 2015 боис ба коҳиш ёфтани интиқоли маблағи муҳоҷирон ва ҳамин тавр тиҷорат шуд.

Ҷаноби Вазиров гуфт, ”пештар ҳаҷми пули солонаи муҳоҷирон то чаҳор ё панҷ миллиард долларро ташкил мекард. Ба тарзи назаррас кам шудани ин маблағҳо сабаб ба он шуд, ки тоҷирону ширкатҳои тиҷоратӣ имконоти фурӯши маҳсулоти худро аз даст доданд. Асоси гардиши иқтисодиро маҳз фурӯши мол ташкил медиҳад. Вақте фурӯши мол нест, табиист, ки мардум ҳам даромаде надорад ва ин боиси аз ӯҳдаи пардохти қарз, аз ҷумла қарзҳои бонкӣ набаромадани мардум мешавад, ки дар натиҷа бо баҳсҳои додгоҳӣ меанҷомад. Яке аз сабабҳои афзоиши парвандаҳои иқтисодӣ ҳам дар ҳамин аст.”

Аз сӯйи дигар, мегӯяд, Собир Вазиров, додани қарзҳо аз ҷониби бонкҳо ба мардум бе дарназардошти пешбинӣ ё ояндабинии пардохти қарзҳо сурат мегирад. Ба таъкиди ин иқтисодшинос, вақте бонкҳо ҳангоми додани қарз мизони даромади моҳонаи афроди қарзгирандаро дуруст баҳо намедиҳанд, табиист,ки ин омил боиси сар задани баҳсҳои додгоҳӣ мешавад.

Бархе аз корафтодаҳо мегӯянд, ки дар пайи ин вазъ баъзе аз бонкҳову ташкилоти қарздиҳӣ шарти дар ихтиёри сокинон гузоштани вомро сахттар кардааст. Барои мисол, ба гуфтаи онҳо, агар дар гузашта бонкҳо барои то се ҳазор доллар додани қарз аз муштариён танҳо ҳисоботи яксолаи маош ё даромад ва ду нафар одами наздикашонро мехостанд, ҳоло аз онҳо тақозо мешавад, ки дар ивази ин миқдор пул мошин ё манзилашонро дар гарав монанд.

Саврӣ -- як сокини шаҳри Душанбе ки панҷ соли пеш барои хариди хона аз бонк қарз гирифта буд, мегӯяд, бештар аз ҳама болоравии башиддати доллар дар чанд моҳи ахир барои баргардонидани қарзи гирифтаи ӯ мушкили зиёд эҷод кард: “Он замон хариду фурӯши доллар озод буд. Ва қарзеро, ки бо доллар гирифта будем, имрӯз бо пули сомонӣ пардохт мекунем. Он вақт қурби як доллар баробар бо 4 сомонию 36 дирам буд ва маоши ҳади аққал ҳам он вақт фарқ мекард. Имрӯз як доллар ба 7 сомонию 87 дирам баробар аст, ки тақрибан ду баробари арзиши чанд соли пеш аст. Панҷ соли пеш яку ним ҳазор сомонӣ моҳонаи мо баробари сесад доллар буд. Имрӯз ин пул баробари 200 доллар мебошад.”

Болоравии қурби доллар ва сахттар шудани талаботи бонкҳо нисбати қарзгирандаҳо дар ҳолест, ки ба гуфтаи Саврӣ маоши ӯ чунд солҳои пеш бетағйир мондааст.

Бо ин ҳол иқтисодшиносон пешниҳод доранд бо дарназардошти вазъи молии мардум ва таъсири бӯҳрон бонкҳо бояд шартҳои додани қарз ва фоизи онро барои муштариёни сабуктар кунанд, то мардум тавонанд бо истифода аз ин имтиёзот ҳам мушкили хешро ҳал кунанд ва ҳам сари вақт қарзро ба бонк баргардонанду ба додгоҳ кашида нашаванд.

XS
SM
MD
LG