Умаралӣ Камолов, сокини рустои Ҳалқарӯди ноҳияи Ҳисор, ки шаш сол боз рӯи ҷойгаҳ хоб аст, мегӯяд, барои табобат ба кумак ниёз дорад. Ё ҳадди ақалл, ба қавли ӯ, мехоҳад ба мактаби маъюбон шомил шуда, соҳиби ягон касб гардад ва аз ин тариқ ба хонаводааш кумак кунад.