Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Spina Bifida пушти кӯдакони тоҷикро кай раҳо хоҳад кард? (ВИДЕО)


Пизишкони тоҷик аз афзоиши Spina Bifida (Спина бифида) – як навъ бемории модарзодӣ – миёни кӯдакон изҳори нигаронӣ доранд. Онҳо мегӯянд, иллати гирифторӣ ба “Спина бифида” норасоии баъзе аз микроэлементҳо ба зани ҳомила аст.

Мутриба Латифова, ҳамоҳангсози барномаҳои “Алянси глобалӣ” барои беҳдошти ғизо (GAIN), дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки танҳо дар як соли охир 225 навзод дар Тоҷикистон бо ин иллат ба дунё омадаанд. Ба қавли ӯ, ин беморӣ аксаран дар кишварҳои дар ҳоли рушд пайдо мешавад ва аз камғизоӣ сар мезанад.

"Ин танҳо оморест, ки беморон сабт шудаанд ва рақами кам ҳам нест. Бояд онҳо табобат шаванд. Чунки дар ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ сутунмуҳраи тифл нодуруст инкишоф ёфта, ба ҳарроммағз ва асабаш таъсир мерасонад ва кӯдакро маъюби якумрӣ месозад," – шарҳ дод ӯ.

Латифова мегӯяд, як омили ҷилавгирӣ аз ин беморӣ истеъмоли кислотаи фолиевӣ (фолиевая кислота) будааст, ки он ба зани ҳомила имкон медиҳад, то 70 дарсад аз вуҷуди ин беморӣ ҷилавгирӣ намояд.

Мутриба Латифова
Мутриба Латифова

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, ин беморӣ солҳои пеш мушоҳида мешуд, аммо имкони ҷарроҳӣ ва ошкорсозии он камтар буд. Ба қавли Раҳматуллоев, ҳоло табибони тоҷик дар Душанбе ва Суғд гирифторони ин бемориро ҷарроҳӣ мекунанд.

Раҳматуллоев мегӯяд, онҳо ба хотири пешгирии ин беморӣ, ки хатари зиёдшавӣ дорад, ба занҳои қобили таваллуд истеъмоли кислотаи фолиевиро (фолиевая кислота) тавсия додаанд: “Ин дору дар ташаккули найчаи асаб бисёр моҳияти калон дорад. Агар дар организм норасоӣ бошад, ба ҳамин беморӣ оварда мерасонад.”

Дар ҳамин ҳол, Мунаввар Ҳалимова, як сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон нуқсеро, ки фарзандаш бо он таваллуд шуд, дар аввал чандон ҷиддӣ нагирифт, чун он аз як пора гӯшти хурде иборат буд, ки кӯдакро чандон азият намедод. Аммо вақте фарзандаш яксола шуд, ин нуқс, ки "Spina Bifida" (Спина бифида) буд, баробари духтараш рушд кард ва ҳатто кӯдак ба душворӣ паҳлӯ мегашту хоб мекард.

Гузориши видеоӣ инҷост:

"Spina Bifida" кӯдакони тоҷикро кай раҳо хоҳад кард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Вай гуфт, замони ҳомиладорӣ панҷ бор "УЗИ" кард, вале нишоне аз ин беморӣ дар тифли батнаш ташхис нашуд. Ин модар мегӯяд, ҳоло духтараш дусола аст ва он нуқсе, ки ҳангоми таваллуд ба як тухм монанд буд, акнун ба маротиб калон шудаву ҳатто аз рӯи либос ҳам намоён мешавад. Вай сабаби ҷарроҳӣ накардани фарзандашро ба беэътимодии табибон марбут донист, ки онҳо сиҳатии духтарашро пас аз ҷарроҳӣ кафолат надодаанд.

Нигаронӣ аз афзоиши ин беморӣ дар ҳолест, ки қаблан табибон камхунӣ, қадпастӣ ва лоғарии кӯдаконро ҳам дар истеъмоли ғизои камвитамин медонистанд. Ҳамакнун барои пешгирӣ аз ин ва дигар бемориҳои вобаста аз ғизо, ҳукумати Тоҷикистон дар садади омода кардани лоиҳаи Қонун дар бораи “Ғанигардонии таркиби орд” аст.

Баъд аз тасвиби ин қонун, истеҳсолкунандагони орд муваззафанд, ки ба таври ҳатмӣ дар таркиби он микроэлементҳое назири оҳан, витамини А ва В 12, йод, синк ва фолат илова кунанд. Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати хизматрасонӣ ба модару кӯдак мегӯяд, ин қонун метавонад аз афзоиши бемориҳое мисли “Спина бифида” ва камхуниву лоғарӣ пешгирӣ кунад.

Шералӣ Раҳматуллоев
Шералӣ Раҳматуллоев

Таҳияи ин лоиҳаи қонун ба ин хотир аст, ки ғизои аслии аксар сокинони Тоҷикистон аз маҳсулоти нонӣ иборат аст ва тибқи омори расмӣ, мардуми тоҷик аз меъёри муқарраршудаи тиббӣ 17 дарсад бештар нону маҳсулоти нонӣ истеъмол мекунанд.

Бар асоси омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 16 дарсади кӯдакон ба камвазнӣ, аз 4 кӯдак як нафараш ба қадпастӣ ва 4 дарсади дигар ба лоғарӣ рӯбарӯ ҳастанд. Илова бар ин, 28 фоизи кӯдакон камхун мебошанд.

XS
SM
MD
LG