Бар асоси як пажӯҳиш, ки ахиран анҷом шудааст, яке аз сабабҳои фармонбардории занон аз мардҳо, вобастагии молии онҳост. Аз ҷумла, 32 % занон иқрор шудаанд, ки ба хотири таъминоти либосу хӯрока маҷбуранд ба мардҳо итоат кунанд.
Сокинони Душанбе, ки моҳҳо интизори кушодашавии “Ашан” – бузургтарин фурӯшгоҳ дар Тоҷикистон ва ҳамин тавр Осиёи Марказӣ буданд, дар нахустин рӯзи фаъолияти он дар чоршанбеи 22 июн, пас аз навбатпоии зиёд, вориди ин фурӯшгоҳ шуданд.
Сокинони Душанбе, ки моҳҳо интизори кушодашавии “Ашан” – бузургтарин фурӯшгоҳ дар Тоҷикистон ва ҳамин тавр Осиёи Марказӣ буданд, дар нахустин рӯзи фаъолияти он, пас аз навбатпоии зиёд вориди ин фурӯшгоҳ шуданд.
Акси ҷанҷолии муш дар дохили ҳасиб, хашми муштариёни тоҷик ва ҳамингуна соҳибкори тоҷикро барангехт. Мақомот ҳам баъди нашри акс корхонаи ҳасибсозии "Валиҷон"-ро тафтиш кардаанд
Як акси корбари шабакаи иҷтимоӣ, ки нишон медод аз дохили ҳасиби истеҳсолкардаи як коргоҳи Душанбе пойи муш пайдо шудааст, ҷанҷолбарангез шуда, мавҷи эътирози корбаронро ба вуҷуд овард.
Шарифи Мисайзод, яке аз маъруфтарин ровиёни радиои Тоҷикистон дар синни 50-солагӣ аз олам рафт. Шарифи Мисайзод чанд моҳи охир бистарӣ буд ва бемории қалб дар ниҳоят ӯро аз мухлисонаш барои ҳамешагӣ ҷудо кард.
Сокинони Тоҷикисотн ҳамла ба клуби ҳамҷинсгароён дар Орландои Амрикоро таҳаммулнопазирӣ медонанд
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон ин фаҳмишро, ки бо баста шудани Ҳизби наҳзати исломӣ ҷашнгирии ваҳдат бемантиқ шудааст, комилан нодуруст ва як навъ таҳдид ба ваҳдат медонад.
Ҷаҳон Султоноғлу: “Зӯроварӣ дар ҳолати ноумедӣ ва дилмондагиву маъюсӣ дар иҷтимоъ, иқтисод ва сиёсат авҷ мегирад. Экстремизми хушунатомез дар сатҳи ҷамъиятӣ боис ба пайдо гаштани нобоварӣ ва авҷ гирифтани он дар байни мардум ва давлат мешавад.”
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, кишвар ба зудӣ стротегияи миллии мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро қабул мекунад, ки бештар тарғиботро дар бар мегирад, ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар зиндонҳо.
Абдурашид Маҳкамов, бародари Қаҳҳор Маҳкамов дар суҳбати алоҳида бо Озодӣ гуфт, ки раисиҷумҳури нахустини Тоҷикистон аз бемории саратон ранҷ мебурд ва рӯзҳои охир бо хоҳиши худаш ӯро аз бемористон ба хона оварда буданд.
Қаҳҳор Маҳкамов, раисиҷумҳури нахустин ва узви доимии Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, пас аз адои намози ҷанозааш дар масҷиди марказии Душанбе дар оромгоҳи "Сари Осиё" ба хок супурда шуд.
Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ (Ҳукумов), раиси собиқи идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон, сарусадо дар бораи ба Аврупо кӯч бастанашро рад кард.
Амриддин Бубиев, навраси 13-сола ҳоло ба хубӣ дар ҳавзҳо оббозӣ мекунад. Тарзи дурусти оббозиро вай дар дарсҳо аз муаллимон омӯхтааст. Амриддин рӯзҳои аввали ба ҳавз омадану чи тавр ғарқ шуданашро қисса мекунад.
Шӯҳрат Ашӯрови 54-сола, оҳангсоз ва ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, раҳбари нави Иттиҳоди композиторони кишвар интихоб шуда, дар ин мақом Қудратулло Ҳикматовро иваз кард.
Дар пойтахти Тоҷикистон як ширкати мухобиротӣ даҳҳо нақлиёти ҷамъиятиро бо интернети ройгон таъмин кардааст.
Як афсари собиқадори нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки миёни сарҳадоти кишварҳои ИДМ, назорати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз ҳама мушкилтар мебошад.
Ба гуфтаи Салимзода аз 374 маводи нашъаовар, ки дар бухори оҷонсӣ сӯзонда шуд, 16 киллву 452 грам героин, 161 килову 699 грам афюн, 107 килову 511 грам ҳашиш, 88 килову 376 грам бангдона ва 21 ҳабби МДМА-ро дар бар мегирад.
Намояндаи тиҷоратии Покистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷорӣ будани низоми раводид монеи рушди ҳамкории соҳибкорони ду кишвар шудааст. Одилхон Мянхел рӯзи 24 май дар нишасте дар Душанбе гуфт, бо вуҷуди масофаи на онқадар дури Душанбеву Исломобод додугирифти тиҷоратӣ дар сатҳи паст қарор доштааст.
Ёфтҳои бештар