Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 миллион доллари Амрико ба марзбонҳои тоҷик. ВИДЕО


Иёлоти Муттаҳида ба марзбонҳои тоҷик ба маблағи 12 миллион доллар кумак кард. Дар ин маросим бархе аз раҳбарони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон низ ҳузур доштанд ва асосан дар бораи ҳифзи марз бо Афғонистон суҳбат карданд.

Сафорати Амрико дар Душанбе ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 50 "Ҷип" ва таҷҳизоти мухобиротӣ дод, ки дар маҷмуъ ба 12 миллион доллар баробар аст. Элизабет Миллард, сафири Амрико, гуфт, ки ин бузургтарин ёрии Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон дар солҳои ҳамкории ҳарду кишвар ба шумор меравад.

"Дар даҳ соли охири ҳамкорӣ Амрико давлати Тоҷикистонро дар самти амният ва бехатарӣ дастгирӣ мекунад," - афзуд ӯ. Элизабет Миллард рӯзи 18-уми агуст дар маросими супурдани ёриҳо гуфт, тақдими ин таҷҳизот далели ҳамкории Амрико ба Тоҷикистон дар амри мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст.

Миллард аз марзбонҳои тоҷик барои талошҳояшон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи муҳаддир ва изҳори омодагӣ барои ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин росто, изҳори сипос намуд.

Кӯмаки Амрико ба марзбонони тоҷик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки дар ин маросим иштирок дошт, гуфт, кишвар қисме аз марзҳои байналмилалиро назорат мекунад, ки амнияти минтақа ва ҳатто Иттиҳодияи Аврупо аз он сахт вобаста аст. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ин бора рӯзи 18-уми август ҳангоми супурдани кумакҳои Амрико ба марзбонони тоҷик сухан гуфт.

Вай афзуд, "мо 24 соат ба марзи Тоҷикистону Афғонистон назорати амиқ мекунем. Дар ҳоле ки қариб ҳамаи ин қисмати марз ё 85 дарсади он дар маҳалли душворгузари куҳӣ ҷойгир аст."

Саймӯъмин Ятимов
Саймӯъмин Ятимов

Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури амният ва дифоъ, дар ин маросим гуфт, таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла ифротгароии динӣ, терроризм, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир, торафт вусъат меёбад. Ба қавли мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳеҷ кишвар новобаста аз иқтидори худ, ба танҳоӣ тавони бо ин равандҳо муқобилият нишон доданро надорад.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад ва аз мушкилтарин марзҳои назоратшаванда дар минтақа дониста мешавад. Масъулони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон бо назардошти таҳаввулоти ахири ҷаҳон мегӯянд, ки ҳеҷ кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон наметавонад марзҳои худро бидуни кумаки кишварҳои дигар пурра назорат кунад.

Аз соли 2006 ба ин тараф дар чаҳорчӯбаи барномаи CENTCOM оид ба мубориза бо маводи мухаддир, Тоҷикистон беш аз 151 миллион доллар кумак дарёфт кардааст.

XS
SM
MD
LG