Сайёд Шералиев, сокини 25-солаи ноҳияи Восеъ, барои пайванди гурда ба 75 ҳазор сомонӣ (9 541 доллар) ниёз дорад. Абдулло Шералиев – падари Сайёд – 4 июл дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки охирин дороияш – манзили нимсохти худро ба гарав гузошта, аз бонк қарз гирифтааст ва ҳоло тамоми умедаш ба кумаки ҳамватанон дар дохилу хориҷи кишвар аст.
Ӯ мегӯяд, дар маҷмуъ, барои пайванди гурда ба Сайёд ба 115 ҳазор сомонӣ (бештар аз 14 ҳазор доллар) ниёз доштанд. "Аз ин ҳисоб, бо қарзи гирифтаамон аз бонк ва ёрии баъзе аз дӯстону наздикон 40 ҳазор сомониашро ҷамъ кардем. Бояд 75 ҳазори дигар гирдоварӣ шавад, то доруву табобати Сайёдро баъди ҷарроҳӣ низ таъмин карда тавонем,” – гуфт ӯ.
Дар сурати ҷамъ овардани ин миқдор маблағ худи Абдулло Шералиев як гурдаашро ба писараш хоҳад дод. Дар Маркази миллӣ-илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Душанбе, ки ҳоло Сайёд дар онҷо бистарист, вазъи ин сокини ҷавони Восеъро “вазнин” арзёбӣ карданд. Пизишкон гуфтанд, Сайёд танҳо бо “гемодиализ” зиндагӣ дорад, ки муваққатӣ ба ҷойи гурда истифода мешавад.
Танҳо маблағи интиқоли гурдаи падар ба бадани Сайёд дар ин марказ ҳудуди 48 ҳазор сомонӣ мушаххас шудааст. Абдулло Шералиев мегӯяд, то ин вақт писарашро барои табобат ду бор ба Русия бурда ва алакай як гурдаи хоҳарашро ба ӯ дода буданд. Аммо дар пайи номуваффақ анҷом гирфитани ҷарроҳӣ ин гурдаи нав низ кор накардааст.
"Дар беморхонаи ҳарбии Подолски вилояти Маскав чанд муддат табобат гирифтем, ки Сайёд ба по хест. Баъд табибон маслиҳат доданд, ки ба Душанбе омада, идомаи табобатро дар Маркази траспланталогия гузаронем. Баъди бозгашт як гурдаи хоҳарашро ба Сайёд насб карданд, вале баъди чанд муддати ҷарроҳӣ гурдаи нав аз кор монд," – мегӯяд ӯ.
Ҳоло хоҳари Сайёд ҳам аз як гурдааш маҳрум шудааст. Абдулло Шералиев, ки ягона даромадаш аз фурӯши нишолло дар бозорҳои Душанбе аст ва рӯзона ҳудуди 20-30 сомонӣ ба даст меорад, мегӯяд, бо вуҷуди дасткӯтаҳӣ то лаҳзаи охирин барои ба по хестани писараш талош хоҳад кард.
Ӯ гуфт, Сайёд чаҳор сол қабл дар Маскав аз сӯи афроди ношинос латту кӯб шуда ва ҳамн вақт гурдааш осеб дидааст. Абдулло Шералив мегӯяд, азбаски сайёд ин ҳодисаро аб онҳо нақл накарда ва аз пайи табобат нашудааст, гурдаҳояш аз кор монда ва натанҳо ӯ, балки тамоми хонаводаро саргардон кардааст.
Роҳи тамос бо волидони Сайёд Шералиев:
(+992) 915 06 93 20
(+992) 919 68 21 61