Хабарҳо дар бораи тасмими Русия барои музокира бо Толибон барои мубориза бо “Давлати исломӣ” дар Душанбе баҳсҳоеро ба миён овардааст.
Қосимшоҳ Искандаров, афғонистоншиноси маъруфи тоҷик рӯзи 25-уми декабр дар нишасте дар Душанбе гуфт, пешбинӣ мешавад Афғонистонро як “баҳори хунин” дар пеш бошад.
Бархе аз коршиносон истифодаи Русия аз нерӯи Толибон алайҳи “Давлати исломӣ”-ро дар ҳоли ҳозир қобили қабул медонанд, аммо мегӯянд, баъид нест, ки кӯмаку таҷҳизоти Маскав рӯзе бар зарари худи Русияву шариконаш истифода шавад.
Ширкати Tcell мегӯяд, ки хабарҳо дар бораи муроҷиати Додситонии кулли Тоҷикистон барои даст ёфтан ба дастгоҳҳои назорат бар мухобироти ин ширкат, аз воқеият дур аст.
Рӯзи 21 декабр дар кинотеатри "Зебуннисо"-и пойтахти Тоҷикистон Ҳафтаи филмҳои Эрон оғоз ёфт. То 27 декабр қарор аст, 7 филми эронӣ дар маърази тамошо гузошта шавад.
Сафия, як сокини ноҳияи Вахш мегӯяд, ки хурсандии як шаби қумондонҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ӯро якумр бадбахт кард. Ӯ аз 20 сол ба ин тараф мӯътоди маводи мухаддир аст ва ҳоло талош дорад аз чанги ин беморӣ раҳо ёбад.
Парлумони Тоҷикистон нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1"-ро, ки 75 дарсади саҳмияҳояш дар ихтиёри Маскаванд, аз пардохти андоз дар моҳи декабри соли ҷорӣ ва тамоми соли 2016 озод кард.
Ҳудуди 60 нафар аз саррофони Душанбе мушкилоти худро бо масъулони Бонки миллии Тоҷикистон матраҳ карданд. Аз ду ҳафта ба ин тараф тамоми саррофиҳо дар қаламрави кишвар баста мебошанд.
Дар остонаи 20-умин солгарди қатли Муҳиддин Олимпур, хабарнигори бахши форсии Радиои Би-би-сӣ дар қароргоҳи сафири Бритониё дар Душанбе намоиши аксҳои ӯ баргузор шуд.
Беш аз бист саҳмдори Фурӯшгоҳи марказии Душанбе 8 декабр аз мақомоти кишвар талаб карданд, ки аввал пули саҳмияи онҳоро баргардонанд ва сипас онро давлатӣ кунанд.
Дар ҷомеаи Тоҷикистон бо вуҷуди тарғибот миёни аҳолӣ, дар аксар маворид бо гирифторони бемории норасоии масунияти бадан ва ё ВИЧ, бархӯрди табъизомез сурат мегирад.
Бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ва коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон, аробаҳои бозорҳои Тоҷикистонро холӣ кардааст.
Мақомоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар роҳпаймоии бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ беш аз 30 ҳазор нафар иштирок кардаанд.
Як гурӯҳ аз вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳи қонун дар бораи додани унвони расмии "пешвои миллат" ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро таҳия кардаанд.
Аз як ҳафта ба ин тараф машғулиятҳо дар донишгоҳҳои Тоҷикистон аз соати 7:30 шурӯъ мешаванд. Бархе аз донишҷӯён ҳоло аз ин тағйир чандон розӣ нестанд, аммо масъулон исрор доранд, ки ин як тасмими дуруст аст.
Ҷавононе, ки дар назди сафоратҳои Олмону Амрико дар Душанбе ҷамъ шуданд, мегӯянд, ки мақомот 5 тани онҳоро барои як соат боздошт кардаанд.
Занони тоҷик аз тарси беобрӯ шудан дар сурати таҳдид ё шантаж ба милиса шикоят намебаранд. Бархе ҷавонони "чолок" аз ин ҳолат ба сӯди худ сӯиистифода мекунанд.
Аксари занони тоҷик дар сурати мавриди шантаж қарор гирифтан аз тарси беобрӯ шудан ба мақомот шикоят намебаранд.
Садҳо ҷавони тоҷикро орзуи таҳсил дар хориҷи кишвар дар намоишгоҳе дар маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе ҷамъ овард.
Адиб ва донишманди тоҷик тоҷик Рустами Ваҳҳоб дар китоби нави худ бо номи "Дуруст бинависем" ба мисли ин даҳҳо ғалату иштибоҳро гирдоварӣ карда, шаклҳои дурусту саҳеҳ ва мавқеи корбурди онҳоро пешниҳод кардааст.
Ёфтҳои бештар