Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 сол - дар асорати маводи мухаддир


Cафия Холова.
Cафия Холова.

Сафия, як сокини ноҳияи Вахш мегӯяд, ки хурсандии як шаби қумондонҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ӯро якумр бадбахт кард. Ӯ аз 20 сол ба ин тараф мӯътоди маводи мухаддир аст ва ҳоло талош дорад аз чанги ин беморӣ раҳо ёбад.

Сафия Холова номи шартии як сокини ноҳияи Вахш аст. Сафия бори аввал вақте маводи мухаддир истифода кард, ки 27 сол дошт. Дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ авҷ мегирифт ва Холова дар ҷашну сурури ҷангсолорон рақс мекард ва пули рӯзгорашро ба даст меовард.

Соли 1995, шабе, ки ҷангсолорони минтақаи Хатлон пирӯзии навбати худро таҷлил мекарданд, яке аз фармондеҳони маҳаллӣ маҷбуран ба Сафия Холова афюн дод. Сафия Холова мегӯяд, ки "хурсандии он шаби қумондонҳо, маро барои як умр бадбахт кард."

Сафия Холова аввал истеъмол мекард, аммо баъдан ба маводҳои сахттаъсир, аз ҷумла ҳероин рӯ овард. Ӯ мегӯяд, ки то соли 1998 қумондонҳо ӯро бо маводи мухаддири ройгон таъмин мекарданд. Аммо баъдан худаш корҳои мухталифро иҷро мекард, то пуле ба даст биёрад ва ҳероин бихарад.

Холова борҳо талош кард, ки аз маводи мухаддир даст бикашад, аммо натанҳо зӯраш нарасид, балки шавҳару бародар ва ҳато писарашро нашъаманд кард.

Сафия Холова, рӯзи 17-уми декабр дар ҳоле, ки барои табобат аз маркази наркологии шаҳри Қурғонтеппа кӯмак мехост, ба Радиои Озодӣ гуфт, гуноҳи ӯ буд, ки наздиконаш мӯътод шуданд ва зиндагияшонро барбод доданд.

20 сол - дар асорати маводи мухаддир
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00

Сафия Холова се фарзанд ва ду набера дорад. Шаш моҳи пеш ӯ ва шавҳараш тасмим гирифтанд, ки ҳадди ақал ба хотири набераҳо табобат бигиранд ва ба зиндагии маъмулӣ баргарданд. Ӯ мегӯяд, ки рӯзона барои истеъмоли ҳероин 80 сомонӣ дар кор аст, ки на ҳамеша дастрас мешавад. Сафия Холова 20 сол боз нашъаманд аст, аммо шавҳари ӯ ду сол пеш ба ин маризӣ гирифтор шуд.

Садриддин, шавҳари Сафия мегӯяд, ҳарчанд талош кард оилаашро аз ин беморӣ берун кашад, аммо натавонист. Баръакс худаш низ ба ин беморӣ мубтало шудааст. Холов мегӯяд, вақте зану писараш дар хона ҳамеша ҳероин истеъмол мекарданд, ӯ зиёд асабонӣ мешуд ва худаш бехабар монд, ки чӣ тавр ба ин ҷодаи хатарнок қадам гузошт.

Ҳасан Шокирова
Ҳасан Шокирова

Ҳасан Шокиров, сардухтури беморхонаи марказии наркологии вилояти Хатлон мегӯяд, ба монанди оилаи Сафия дар қайди онҳо боз се хонаводаи дигар низ ҳастанд, ки зану шавҳар бо духтар ё писарашон нашъа истеъмол мекунанд. Ба қавли Ҳасан Шокиров, дар қайди беморхонаи онҳо 20 зани нашъаманд сабти ном шудаас, ки аз 18 то 30 сол доранд.

Мақомоти Тоҷикистон теъдоди умуми нашъамандонро 7 ҳазор ва теъдоди занҳои нашъамандро 203 нафар ҳисоб кардаанд. Аммо гуфта мешавад, ки шумораи занҳои мӯътод бештар аз оморҳои расмиянд, зеро на ҳама занҳои мӯътод худро дар маракзаҳои наркологӣ сабти ном мекунанд. Дар аксар маврид занҳои нашъаманд онҳоеанд, ки дар марказҳои дилхушӣ кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG