Масъулони Донишкадаи энергетикии Қӯрғонтеппа мегӯянд, ки Ҳизби коммунистро огаҳ кардаанд, то дафтари худ дар бинои хобгоҳи ин донишгоҳро холӣ намояд. Аммо коммунистон мегӯянд, ки ҷое барои рафтан надоранд.
Парвандаи 13 сокини Норак, ки барои овехтани парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар даромадгоҳи ин шаҳр муттаҳам мешаванд, барои баррасӣ ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристода шудааст.
"Тоҷиказот" баъди чанд соли муфлисӣ ҳоло бо ёрии Чин дубора ба кор медарояд. Қаблан қисме аз саҳмияҳои ин корхона ба миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ тааллуқ дошт ва ӯ то ҳол давлатӣ шудани "Тоҷиказот"-ро эътироф накардааст.
ӯзи 19 январ дар нишасти хабарии раёсати корхои дохилаи вилояти Хатлон бори дигар ба зарурати мубориза зиди пӯшиши либосҳои барои тоҷикон “бегона” ва ва “бегонапарастӣ” таъкид шуд.
Мақомоти умури дохилаи Хатлон мегӯянд, дар тӯли соли гузашта 1773 зану духтар дар ин вилоят аз пӯшидани сатр даст кашида, риши 12 818 нафарро “ба тартиб” даровардаанд.
Як сокини ҷавони ноҳияи Бохтар, ки ба пушти муаллими тарбияи ҷисмонӣ Давлат Тошев бо корд зада буд, ба панҷ соли зиндон маҳкум ушадаст. Хонаводааш мегӯянд, ки аз болои ин ҳукм шикоят мебаранд.
Додгоҳи ноҳияи Бохтар қазияи кордкашии Усмоналӣ Амонов ба сари муаллими тарбияи ҷисмонӣ Давлат Тошевро ба баррасӣ гирифтааст. Ин ҳодиса моҳи сентябри соли ҷорӣ рух дода буд.
Тоҷикистон барои боздошт ва истирдоди 15 шаҳрванди кишвар, ки ба сафи гурӯҳҳои тундрав ва ё террористӣ шомил шудаанд, аз кишварҳои узви "Интерпол" кӯмак пурсид.
Падари яке аз омӯзгорони ҷавон дар мактаби рақами 38-и ноҳияи Бохтар мегӯяд, ки писарашро иҷборӣ ба сафи артиш бурдаанд, дар ҳоле ки ӯ ҳам ба мактаб зарур будааст ва ҳам беморӣ доштааст.
Мақомот мегӯянд, ки имсол танҳо дар мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” саршумори оҳуи нодири бухороӣ то 85 сар зиёд шудааст.
Бар асари ҳамлаи саги ҳорӣ ё "девона" дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Бохтар Исмоил Асомиддинови 10-сола фавтида, 15 нафари дигар аз захми дандони саг осеб дидаанд.
Ҳолати имрӯзаи мавзеи таърихии Аҷинатеппа ҳузнангез аст. Деворҳои маъбад бар асари барфу борон хароб шуда, саҳни ин мавзеи бостониро хору алаф пӯшонда ва ба чарогоҳи чорпоёни сокинони бумӣ мубаддал шудааст.
Оҷонсии мубориза бо коррупсия мегӯяд, ки писари Саъдулло Бекназарзода -- раиси собиқи ноҳияи Қубодиёнро ба иттиҳоми талаби 10 ҳазор доллар “пора” аз як сокини Хатлон боздошт кардаанд.
Як мӯзадӯзи норакӣ мегӯяд, ки барои мақомоти баландпоя - муовини сарвазиру вазирон ва раисони бонку ҳукуматҳои маҳаллӣ мӯзаҳои зебову бадошт дӯхтааст.
Парастории ду кӯдаки зиндаятим - Оля ва Алинаро модарбузургашон ба уҳда гирифтааст. Модари онҳо 4 моҳ пеш худро дар ҳузури фарзандонаш оташ зад ва Оля ва Алинаро ба дасти рӯзгори сангин супурд.
Оҷонсии зидди фасод шахсеро, ки худро "генерал-майор" муаррифӣ намуда ва аз тариқи қаллобӣ пулҳои мардумро аз худ менамуд, боздошт кардааст. Ин фард барои бори дувум бо ин иттиҳом боздошт мешавад.
Як зани ҷавон аз ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон аз Сурия ба ҳамсараш пайғом додааст, ки агар ӯро ба ватан барнагардонанд, ҷангиён аз ӯ "фидоӣ" месозанд.
Уштурро дар Тоҷикистон қаблан танҳо дар зоопарк ва ё боғи ваҳш медидед, аммо ҳоло дар яке аз ноҳияҳои ҷанубии гарм ва дар вилояти Хатлон як хоҷагии деҳқонӣ талош дорад, уштупарвариро ба роҳ монда ва аз ин ҳисоб тавлиди гӯштро дар Тоҷикистон зиёд кунад. Хоҷагии деҳқонии "Соҳибхон" дар ноҳияи
Раҳбарони як хоҷагии деҳқонӣ дар ҷануби Тоҷикистон уштурпарвариро ба роҳ мондаанд ва мегӯянд, мумкин аст дар оянда гӯшти уштур дар кишвар фаровон шавад.
Як модари ҷавон дар ноҳияи Вахш ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда, боиси ҳалокати се кӯдакаш шудааст.
Ёфтҳои бештар