Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 сокини Норак дар курсии айбдорӣ - "гипноз" ё пайравӣ аз ДИИШ?


Парвандаи 13 сокини Норак, ки барои овехтани парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар даромадгоҳи ин шаҳр муттаҳам мешаванд, барои баррасӣ ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристода шудааст.

Парвандаи 13 сокини Норак, ки моҳи августи соли гузашта ба иттиҳоми овехтани парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар даромадгоҳи ин шаҳр боздошт шудаанд, барои баррасӣ ба додгоҳи вилояти Хатлон фиристода шудааст. Инҳо аксаран мардҳои оиладор буда, ҷавонтаринашон 21 сол ва бузургтаринашон 74 сол дорад.

Сайфиддин Пирмуҳаммадзода, додраси Додгоҳи вилояти Хатлон, рӯзи 27 январ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки парвандаи ин гурӯҳи 13-нафарӣ дар муассисаи низомаш шадиди Қӯрғонтеппа баррасӣ хоҳад шуд. Ӯ гуфт, аммо баррасӣ на дар дохили маҳбас, балки дар толори ин муассисаи ислоҳи ҷазои ҷиноӣ сурат мегирад.​ "Зеро теъдоди ҷавобгарон зиёд аст. Илова ба ин, вақти пурсишу посух хешу таборашон аз ду нафар то чор нафар даъват мешаванд ва барои ин толори бузургтар зарур аст," – афзуд ӯ.

Темур Бойзода, муовини раиси Додгоҳи вилояти Хатлон мегӯяд, ки алайҳи ин 13 нафар бар асоси банди 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ва ду зербанди он – даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, даъват ба фаъолиятҳои тундгароёна ва моддаи 187 – таъсиси иттиҳодияҳои ҷиноӣ – парванда боз шудааст.

Аммо баъзе аз наздикони боздоштшудаҳо мегӯянд, ки фарзанд ва ё ҳамсарашон, ба бовари онҳо, ноогоҳона даст ба ин амал задаанд ва додгоҳ ҳатман ин мавридҳоро низ ба назари эътибор хоҳад гирифт. Абдулло Табаров, тағои Далер Тилоеви 27-сола, ки ба гурӯҳи 13-нафарӣ шомил аст, гуфт: "Ҳоло додгоҳ исбот накардааст, ки парчамро кӣ гузоштааст? Ҳоло номаълум аст, кӣ инҳо кардаанд ё каси дигар. Далер мегӯяд, ки ҳамсинфонаш кардаанд ва ӯ танҳо шоҳиди гуфтугӯи онҳо будааст.”

Ғуломҷон Бобоев
Ғуломҷон Бобоев

Ғуломҷон Бобоев, вакили чанд сокини боздоштшудаи шаҳри Норак, аз ҳамагуна шарҳ дар ин бора худдорӣ карда ва гуфт, ки то эълони ҳукми додгоҳ дар ин бора суҳбат намекунад ва бидуни иҷозаи додситонӣ ва додгоҳ низ ному насаби зерҳимояҳояҳояшро намегӯяд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта аз боздошти 13 сокини шаҳри Норак ба гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯи "Давлати исломӣ" хабар дод. Ин ниҳоди қудратии Тоҷикистон бо пахши навори бозпурсии ибтидоии ин афрод гуфт, ки баъзеи онҳо узви ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ буда, яке аз онҳо раҳбарии бахши ин ҳизб дар Норакро бар дӯш доштааст.

Ба иттилои ВКД, ин сенздаҳ сокини Норак тавассути Интернет бо Юнус ном шаҳрванди Тоҷикистон дар Туркия ошно шуда, барои баёни садоқаташон ба ӯ ва ҳамроҳонаш дар гурӯҳи "Давлати исломӣ" парчами сиёҳро дар даромадгоҳи Норак боло кардаанд. Давлиё Саидов, яке аз боздоштшудаҳо дар навори нашркардаи вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки ӯ бо роҳнамоии Юнус аз Душанбе матои сиёҳу ранги сафед харидорӣ карда буд. "Юнус таъкид кард, ки вақте парчамро овезон кардем, ҳатман акс гирифта, ба ӯ фиристем," -- афзудааст вай.

Давлиё Саидов гуфтааст, ҳоло аз асли қазия бохабар шуда, аз хатои кардааш пушаймон аст. Вале гуфтааст, "дар оғоз аслан чизеро пай намебурдам ва ҳоло фикр мекунам, гӯё моро гипноз карда буданд".

Ин гурӯҳи 13-нафарӣ нахустин афроде нестанд, ки ба ҷурми боло кардани парчами "Давлати исломӣ" боздошт шуда, дар курсии айбдорӣ нишастаанд. Соли гузашта додгоҳи вилояти Хатлон 7 сокини ноҳияи Шаҳритусро, ки тобистони соли 2015 парчами сиёҳро ба болои муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркзаи ин ноҳия насб карда буданд, аз 7 то 27 сол равонаи зиндон кард.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ҳудуди 1000 шаҳрванди кишвар барои иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия рафта, ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастаанд.Пулиси Хатлон теъдоди умумии сокинони вилоятро, ки дар гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳастанд, 282 нафар мегӯяд, ки ба иттилои онҳо 39 нафарашон зан будаанд.

XS
SM
MD
LG