Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 соли зиндон - ҷавоби кордкашии як шогирд ба устод


Як сокини ҷавони ноҳияи Бохтар, ки ба пушти муаллими тарбияи ҷисмонӣ Давлат Тошев бо корд зада буд, ба панҷ соли зиндон маҳкум ушадаст. Хонаводааш мегӯянд, ки аз болои ин ҳукм шикоят мебаранд.

Усмоналӣ Амонов, як сокини ҷавони ноҳияи Бохтар, ба ҷурми кордкашӣ ба сӯи Давлат Тошев – муаллими тарбияи ҷисмонии мактаби рақами 27-и ҳамин ноҳия ва захмӣ кардани ӯ ба панҷ соли зиндон маҳкум шудааст. Саидраҳмон Давлатзода - раиси Додгоҳи ноҳияи Бохтар ва ҳамзамон додраси ин парванда 18 январ ба Озодӣ гуфт, аммо ин ҳукм ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифта ва тарафҳо ҳаққи шикоят карданро доранд.

Ҳодисаи кордкашӣ ба сӯи Давлат Тошев дар оғози моҳи сентябри соли гузашта рух дод ва вокунишҳои зиёдро ба дунбол овард, ки эҳтиром ба омӯзгорон дар ҷомеа коҳиш ёфтааст. Саидраҳмон Давлатзода ҳам мегӯяд, “ҳамла ба Давлат Тошев баъд аз насиҳати ӯ ба Аҳлиддин Амонов, додари Усмоналӣ, сурат гирифта, ки ӯро танҳо ба роҳи рост даъват кардааст. Вале бародари ӯ ба пушти муаллим ӯ бо корди ошӣ задааст.”

Кордкашӣ дар мактаби рақами 27-и Бохтар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Бархе аз шоҳидони ин ҳодиса мегӯянд, ки Давлат Тошев асосан Аҳлиддин Амоновро барои гӯё беҳудагардияш сарзаниш карда, аммо дар ҷавоб дар миёни хонандагон ва омӯзгорон дашном шунидааст. Тибқи нақли худи омӯзгор, ки дар парванда низ сабт шудааст, баъдан ӯ шогирди худро як шаппотӣ зада, ба сараш “бало” харидааст. “Аҳлиддин пас аз чанд лаҳзаи ин ҳодиса бо ҳамроҳии модар ва бародаронаш ба дохили мактаб даромада, муаллимро таҳдид ва сипас Усмоналӣ ба пушташ корд задааст,” – зикр шудааст дар парванда.

Ҳамдам Амонов, падари Усмоналӣ Амонов, ки духтури кӯдаконаи беморхонаи клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон аст, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Бохтар розӣ нест ва аз болои он ба додгоҳи вилояти Хатлон шикоят хоҳад бурд.

Давлат Тошев низ рӯзи душанбе дар суҳбат бо мо гуфт, ки аслан даъвои зиндонӣ шудани Усмоналӣ Амоновро надошт ва ҳукме, ки эълон шудааст қазовати худи додгоҳ аст. Ӯ мегӯяд, "даъво накардам, лекин панҷ сол аз озодӣ маҳрумаш карданд. Ҳоло додари Усмоналӣ дар мактаб дарс мехонад ва муносибати ман бо ӯ одӣ аст."

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Усмоналӣ Амонов, сокини ҷавони ноҳияи Бохтар, тибқи моддаи 237, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ – "авбошие, ки бо истифодаи яроқ ё предмети ба сифати яроқ истифодашаванда, дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок" – боз шуда буд.

Ин ҳодисаи аввали ҳамлаи шогирд ба омӯзгор дар мактабҳои вилояти Хатлон нест. Соли гузашта Зафар Эмомов, омӯзгори ҷавони "Омодагии дифоъ"-и мактаби шумораи 12-и ноҳияи Панҷ, ки мехост ба ҷанги хонандагон хотима диҳад, низ мавриди латту кӯби шадиди шогирдон қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG