Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯзадӯзи мақомот: Мӯзаи Рустами Эмомалӣ аз чарми сурх хоҳад буд


Мӯзадӯзи мақомдорон шароити беҳтари кор мехоҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Як мӯзадӯзи норакӣ мегӯяд, ки барои мақомоти баландпоя - муовини сарвазиру вазирон ва раисони бонку ҳукуматҳои маҳаллӣ мӯзаҳои зебову бадошт дӯхтааст.

Тешахон Фатҳиддинов, мӯзадӯзи 63-сола аз шаҳри Норак, ки то кунун барои бисёре аз мақомдорони сатҳи болои тоҷик барои аспсаворӣ, корҳои кишоварзӣ ва бузкашӣ мӯза дӯхтааст, барои аз байн нарафтани ҳунараш ба ёрӣ эҳтиёҷ дорад. Ӯ ахиран аз ҳукумати Норак хостааст, ки барояш биное диҳанд, то дар айни пирӣ ҳунарашро ба ҷавонон биомӯзонад ва аз ин тариқ ҳунари мӯзадӯзиро ҳифз кунад.

Фатҳиддинов мегӯяд, барои Муродалӣ Алимардон, раҳбари кунунии “Агроинвестбонк”, Хол Машрабов, раиси собиқи ноҳияи Рӯдакӣ ва Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари Додгоҳи олии Тоҷикистон низ чанд мӯза дӯхтааст.

Ҳоло ӯ дар ҳоли таҳияи мӯзаи нав барои Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон будааст. Ин марди мӯзадӯз, ки дар маҳаллаи Шамсулло Юсуфови шаҳри Норак зиндагӣ мекунад ва дар як ҷойи танг машғули кор аст, гуфт, мӯзаи Рустами Эмомалӣ аз чарми сурхи баланд омода мешавад ва махсуси бузкашӣ ва аспсаворист.

"Ин мӯзаи дуюм аст, ки барои Рустами Эмомалӣ омода мекунам," – гуфт Тешахон Фатҳиддинов ва афзуд, ки ният дорад ин дафъа мӯзаҳоро шахсан ба дасти раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фвсод бирасонад ва дарди дилашро бигӯяд. "То ин вақт мӯзаҳои дӯхтаамро афроди наздик ба онҳо гирифта мерафтанд," -- афзуд ӯ.

Ин сокини 63-солаи Норак мегӯяд, агарчӣ махсус барои раиси ҷумҳури Тоҷикистон мӯза надӯхтааст, аммо дар як акс мӯзаҳои худро дар пойи президент дидаву шинохтааст. "Дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ танҳо ман ингуна мӯзаҳоро бо диду эҷодиёти худам ва бо даст медӯзам. Аз ин рӯ, зуд шинохтам," -- нақл кард Фатҳиддинов.

Ин мӯзадӯз мегӯяд, бо муҳаббат барои мизоҷонаш мӯза медӯзад ва барои сифати онҳо то панҷ сол замонат ё кафолат медиҳад. Вай афзуд, то ин дам дар чандин намоишгоҳҳо иштирок карда, соҳиби ифтихорномаҳо барои ҳунари қадимӣ ва сифати мӯзаҳои дӯхтааш шудааст, аммо хоҳони он аст, ки ҳукумати шаҳри Норак ҳунарашро қадр кунаду барояш кумак расонад, то дар як бино дар ин шаҳр шогирдонро тарбия намояд.

"Дар сурати омода кардани шогирдон корамон хуб мешавад, чун талабот ба мӯзаҳои дастдӯз зиёд аст, ки ҳатто аз хориҷи кишвар занг зада ба мо фармоиш медиҳанд," -- мегӯяд ӯ.

Як мӯзаи дӯхтаи Фатҳиддинов, ки 90 дарсадаш кори дастист ва ҳаракат бо дирафш асту панҷаҳояшро кандаю захмӣ мекунад, аз 700 то 2000 сомонӣ қимат доштааст. Ӯ дар як сол то 10 мӯза мефурӯшад ва аз ин ҳисоб рӯзияшро пайдо карда, хонаводаи 13-нафарияшро мехӯронаду мепӯшонад. Танҳо як нафар аз аҳли хонаводааш ҳунари падарро идома медиҳад, аммо дар сурати омӯзиш ҷавонони бекор низ соҳиби нон мешаванд.

Дар ҳукумати шаҳри Норак ба мо гуфтанд, ки аз ҳунари Тешахон Фатҳиддинов ифтихор мекунанд, аммо то ҳанӯз дар мавриди ихтисоси як бино ва ё кумаки дигар ба ӯ ба натиҷае нарасидаанд.

Мӯзадӯзи мақомдорон шароити беҳтари кор мехоҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

XS
SM
MD
LG