Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати Исмоил ва захмӣ шудани 15 тан аз ҳамлаи сагҳои "девона"


Ҳамлаи сагҳои ҳорӣ ба сокинони ноҳияи Бохтар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Бар асари ҳамлаи саги ҳорӣ ё "девона" дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Бохтар Исмоил Асомиддинови 10-сола фавтида, 15 нафари дигар аз захми дандони саг осеб дидаанд.

Дар деҳоти ноҳияи Бохтар дар пайи ҳуҷуми сагҳои ҳорӣ ё девона як нафар фавтида ва 15 тани дигар дар бемористон бистарӣ шудаанд. Хабари марги як нафарро масъулони ҳукумати ноҳия низ тасдиқ карданд. Қурбонии саги девона Исмоил Асомиддинов, сокини 10-солаи деҳаи Навободи ноҳияи Бохтар будааст, ки ҳудудан баъди даҳ рӯзи захмӣ шудан 24 октябр дар беморхонаи ба номи Бӯри Воҳидови шаҳри Қурғонтеппа ҷон додааст.

Ибодулло Зикуруллоев, яке аз наздикони Исмоил Асомиддинов рӯзи 28 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як хеши дигарашон низ мавриди ҳуҷуми саги ҳорӣ қарор гирифта, ҳоло дар бемористон таҳти муроқибати табибон будааст. Ба қавли ӯ, нархи ҳар ваксинаи зидди захми саги бемор аз 400 то 700 сомонӣ буда, онҳо барои табобати бемори худ, дар маҷмуъ, ба маблағи 2000 сомонӣ се ваксина харидаанд.

Аммо Мамадқул Туманов, як масъули шӯъбаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Бохтар мегӯяд, осебдидаҳо 15 нафар буданд ва ҳамагӣ бо ваксинаҳои ройгон таъмин шуданд. "Ҳамаи онҳоро дар бемористон бистарӣ карда, ваксина задем. Барои ҳамаашон ҳамагӣ 4000 сомонӣ сарф кардем, мо ҳамаро таъмин кардем, сокинон аз ҳисоби худашон чизе нахаридаанд," -- афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, аз беморхонаи ба номи Бӯри Воҳидови шаҳри Қӯрғонтеппа ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки табобати саггазидаҳо гарон буда, на ҳама имкони харидани ваксинаро доранд. Баъзе хонаводаҳои камбизоат бинобар надоштани пули ваксина наздикони бемори худро аз касалхона хориҷ карда ва забонхат навиштаанд, ки агар бо бемор ҳодисае шавад, масъулияташ бар дӯши хонавода хоҳад буд. Зӯҳро Шукурова, сокини ҷамоати деҳоти "Бохтариён" аст ва додари ӯро саги девона газидааст. Шукурова мегӯяд, барои ваксина пул надорад аз ин рӯ додарашро бо забонхат аз бемористон хориҷ кард ва акнун ӯро ба назди муллои деҳ мебарад, то бо дуо сиҳат шавад.

Ин хонаводаҳо паёмади захми дандони саги девонаро хуб медонанд, аммо мегӯянд, ки барои табобаташон пул надоранд. Гулбаҳор Холова, сокини 60-солаи ноҳияи Бохтар, набераи 9-солааш Юнусро ба назди духтур овард, аммо пул надошт ва натавонист ӯро бистарӣ кунад. Гулбаҳор Холова мегӯяд, аз хонаводаи онҳо ду нафарро саг газидааст аммо гумон аст, ки ӯ пули табобати ду нафарро ба осонӣ пайдо намояд.

Ҳамаи 15 қурбонии сагҳои девона ҳамсоядеҳа ҳастанд. Идораи бойтории вилояти Хатлон мегӯяд, ки дар соли ҷорӣ аввалин ҳолати ҳамлаи сагҳои ҳорӣ ё девона ба мардум сабт шудааст. Соли гузашта беш аз 3000 сокини вилоят аз ҳамлаи сагҳо шикоят кардаанд, ки дар миёни онҳо саги девона низ набудааст.

Идораи бойтории вилояти Хатлон мегӯяд, соли ҷори ҳудуди 100 саги дайдуро, ки соҳиб надоштаанд аз байн бурданд ва ба 100 саги дигаре, ки соҳиб доштаанд аз ташхис гузаронда шиноснома додаанд. Дар ин шиноснома бехатарии саг аз ҷониби бойторҳо то 6 моҳ кафолат дода шудааст. Соҳиби саг барои як шиноснома аз 85 то 120 сомонӣ харҷ мекунад.

Нурулло Бояков, сардори идораи санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон 28 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сагҳои девона дар ҷамоати деҳоти "Бохтариён" пайдо шудаанд ва акнун кормандони идораи санитарӣ хона ба хона мегарданд ва мардумро огоҳ мекунанд, ки дар сурати осеб дидан аз сагҳо зуд ба духтурон муроҷиат кунанд.

XS
SM
MD
LG