Сокинони манотиқи Тоҷикистон рӯзи 21 март аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карданд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки ҷашнҳои наврӯзӣ дар саросари кишвар то панҷшанбеи 24 март идома хоҳад кард.
Як духтари ҷавон аз ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ҳамроҳ бо бародар ва ҳамсари ояндааш боздошт шудааст. Мақомоти пулис ин се нафарро барои ҳамкорӣ бо Салафия муттаҳам медонанд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Трансформатор”-и шаҳри Қӯрғонтеппаро ба фурӯш гузоштааст.
Ҳамсарон Тағоевҳо дар ноҳияи Данғара пас аз 60 сол дар иҳотаи набераву абераҳо арӯсии "тиллоии" худро ҷашн гирифтанд.
Зану шавҳар аз ноҳияи Данғара баъди 60 соли зиндагӣ дубора ҷашни арусӣ барпо карданд. Зиндагии Арафамоҳи 80 сола ва Ҷӯра Тағои 90 сола чун намунаи арзишҳои хонадорӣ аз сӯйи мардум ва мақомоти маҳаллӣ тарғиб мешавад.
Мақомот дар вилояти Хатлон 300 зани касбу кори гуногунро як куртаворӣ атлас тақдим карданд.
Мадина Холмуродова, як сокини 26-солаи деҳаи Қичилии ноҳияи Хуросон аз модар нобино ба дунё омадааст.
Мадина Холмуродова дар деҳаи Қичилӣ, ҷамоати деҳоти “Ғалаобод”- и ноҳияи Хуросон таваллуд шудааст. Ин духтари нобино 26 сол дорад. Чаҳор фасли солро эҳсос мекунад. Чашмони сараш баста, вале чашми дилаш биност. Орзуяш сарояндагист, аммо фарҳанги хонаводагӣ ӯро маҳдуд ва ноком кардааст.
Мақомот дар ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ мегӯянд, ки тасмим доранд барои кӯдакони лӯлӣ мактаб бисозанд ва дар сурати саркашӣ аз таҳсил, волидони онҳо тибқи қонун муҷозот хоҳанд шуд
Дар миёни ин қабила, ки дар ду деҳа зиндагӣ мекунанд, то ҳол касе таҳсил накардааст, нафаре дар мактабу хоҷагӣ кор намекунад, танҳо як нафари онҳоро, ки ҳатто маълумоти мактаби миёна надорад, раиси маҳалла интихоб кардаанд.
Қурутоб таоми тоҷикони кӯҳистон аст. Дар тамоми навоҳӣ қариб якхел омода мешавад.Деҳаи Садбарг 30 километр дуртар аз маркази ноҳияи Ховалинг қарор дорад. Зимистонаш сард ва тулонист. Аҳолии он ба чорводорӣ машғуланд. Зиёфати қурутоб онҳоро ҷамъ меорад ва масоили рузгорро машварат мекунанд.
Додситонии вилояти Хатлон алайҳи се сокини ноҳияи Ховалинг барои латукӯби як шаҳрванди Чин парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Танҳо дар вилояти Хатлон 280 муҳоҷир ба далели гирифторӣ ба бемории сил аз Русия ихроҷ шудаанд. Инҳо танҳо касоне ҳастанд, ки баъди бозгашт барои табобат муроҷиат кардаанд.
Шерматбой Қосимов, сокини 20-солаи шаҳри Сарбанд баъди хатми мактаби миёна дар соли 2014 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт. Мисли ҳазорон ҷавони дигари тоҷик - барои дарёфти пул. Аммо муҳоҷират ба ӯ ҷуз бемори сил чизи дигаре надод ва ҳамин беморӣ сабаби ихроҷи Шерматбой аз Русия шуд.
14 сокини ҷамоати "Обшорон"-и ноҳияи Ёвон ба далели ба даъватҳои ифротгароён дар шабакаи "Одноклассники" "класс" гузоштан боздошт шудаанд.
Додгоҳ ҳукми худ дар нисбати 13 сокини Норакро барои барафроштани парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар даромадгоҳи ин шаҳр содир кард ва онҳоро мутаносибан аз 10 то 25 сол равонаи зиндон намуд.
Як омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон ба иттиҳоми дастдарозӣ ба номуси се хонандаи мактаби ятимону афроди камбизоат боздошт шудааст.
Марде, ки солҳо имом-хатиби масҷид будааст, дар исқоти ҳамлb маҷбурии кӯдаки 8-моҳа дар батни ҳамсараш ва ба ҳоҷатхона партофтани ҷасади ин кӯдак айбдор мешавад.
Охирин муҷассамаи пешвои коммунистон ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Шаҳритус барчида шуд. Ин баландтарин ҳайкали Ленин дар минтақаи Хатлон буд.
Сокинони се деҳаи ноҳияи Бохтар намедонанд, ки ҷасади наздиконашонро дар куҷо ба хок бисупоранд. Чун, ба гуфтаи онҳо, дарёи Вахш ҳар сол то 50 метр қаламрави мазори онҳоро фурӯ ва ҷасадҳоро низ бо худ мебарад.
Ёфтҳои бештар