Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домоду арӯс ба ҷойи ЗАГС пушти панҷара рафтанд


Як духтари ҷавон аз ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ҳамроҳ бо бародар ва ҳамсари ояндааш боздошт шудааст. Мақомоти пулис ин се нафарро барои ҳамкорӣ бо Салафия муттаҳам медонанд.

Ганҷина Ашӯрова, сокини 30-солаи ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ва корманди ҳоло собиқи "Тоҷиксодиротбонк", ҳамагӣ чанд ҳафта пеш аз издивоҷаш бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо пайравони Салафия боздошт шудааст.

Мақомоти пулиси ноҳия рӯзи 18 март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳамроҳ бо Ганҷина, бародараш - Исфандиёр Ашӯров ва ҳамсари ояндааш, ки аз ӯ танҳо "Шайх" ном бурда мешавад, низ бо иттиҳоми мушобеҳ дастгир шудаанд.

Ба қавли як манбаи огоҳ дар Шӯъбаи корҳои дохилии Ҷалолуддини Балхӣ, ҳоло алайҳи ин се нафар бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз гардидааст. Ин модда "даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зӯроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Тоҷикистон" буда, дар сурати таъйиди додгоҳ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 8 солро дар назар дорад.

Боздошти Ганҷина, Исфандиёр Ашӯровҳо ва "Шайх" охирҳои моҳи феврали соли ҷорӣ сурат гирифта, аммо ин хабарро тоза мақомоти пулиси ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ тасдиқ карданд. Наздикони Ганҷина Ашӯрова низ гуфтанд, ки ӯву бародарашро нерӯҳои интизомӣ дар охирҳои моҳи феврал аз хонаашон гирифта рафтаанд.

Боғигул Раҳмонова, модари Ганҷина ва Исфандиёр, 18 март дар суҳбат бо мо гуфт, ки ин боздоштҳо баъд аз хостгории "Шайх" аз духтари онҳо сурат гирифтааст. Ӯ афзуд, "Шайх" бо даъвати писарам Исфандиёр барои дуохонии ҳамсараш омада, духтари моро писандидааст ва барои оиладоршавӣ бо ӯ падарашро хостгор фиристод."

Раҳмонова гуфт, пулис телефони ҳамроҳи фарзандонашро гирифта, инчунин, хонаи онҳоро мавриди кофтукоб қарор додааст. "Аз хона панҷ дона китоби Қуръонро бо худ бурданд," – илова кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, дар миёни сокинони Ҷалолуддини Балхӣ як овозаи дигар мечархад, ки гӯё Ганҷина Ашӯрова ба ҳайси корманди "Тоҷиксодиротбонк" дар интиқоли пулҳои аъзои "Давлати исломӣ" саҳм гирифтааст. Рустам Ҳабибуллоев, сардори дафтари "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, боздошти корманди ҳоло собиқашонро таъйид кард, вале хабари дасти доштани ӯро дар интиқоли пули "ҷиҳодиҳо" беасос хонд.

Ӯ гуфт, "Ганҷинаро асосан шавҳаршавандааш фиреб кардааст. Ӯ дар асл духтари хуб буд, вале баъди боздошташ ӯро аз кор пеш кардем, чун дигар ба кор моада наметавонист. Ба ҳайси котиби коргузор шуда кор мекард, ҳамон шавҳаршавандааш ӯро ҷалб кардааст."

Ганҷина Ашӯрова се соли охир дар "Тоҷиксодиротбонк" кор мекард. Ӯ собиқаи кор дар ҳукумат ва идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Ҷалолуддини Балхиро доштааст. Ӯ соли 2007 бахши технологияи Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппаро хатм кардааст. Бародараш - Исфандиёр низ маълумоти олии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистонро доштааст.

Мақомоти ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ мегӯянд, ки дар ин авохир дар ноҳияи онҳо беш аз 20 пайрави ҷараёни Салафия боздошт шуда, тафтиши парвандаи онҳо идома дорад.

Тоҷикистон соли 2009 фаъолияти пайравони Салафияро манъ ва соли 2014 ин созмонро террористӣ эълон кард. Нахустин гурӯҳи пайравони Салафия соли 2010 аз сӯи додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе ба ҳабс маҳкум шуданд, ки дар миёни онҳо Эшони Сироҷиддин ва писараш Киромиддин низ буданд.

XS
SM
MD
LG