Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти омӯзгори 61-сола ба иттиҳоми "дастдарозӣ" ба номуси се хонанда


Маркази ноҳияи Шаҳритӯс
Маркази ноҳияи Шаҳритӯс

Як омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон ба иттиҳоми дастдарозӣ ба номуси се хонандаи мактаби ятимону афроди камбизоат боздошт шудааст.

Мақомоти интизомии вилояти Хатлон аз боздошти А.А. - омӯзгори 61-сола хабар доданд, ки барои дастдарозӣ ба номуси се хонандаи мактаби ятимон ва афроди камбизоат дар ноҳияи Шаҳритӯс муттаҳам мешавад. Як мақоми додситонии ноҳияи Шаҳритӯс, 200-километрии ҷануби пойтахт, рӯзи 17 феврал ба Озодӣ гуфт, ҳанӯз тафтиши пурраи қазия ба анҷом нарасидааст ва маълум нест, ки қурбонии дастдарозиҳои омӯзгор ҳамин се нафаранд, ё аз он зиёдтар.

Ин мусоҳиби мо аз ҷузъиёти бештар то замони анҷоми тафтишот худдорӣ кард, вале гуфт, ки ин омӯзгори боздоштшуда бо се толибаи ҳанӯз синнашон ба 16 нарасида иртиботи ҷинсӣ кардааст.

Ҳоло алайҳи ин омӯзгор, ки ному насабаш низ то замони анҷоми тафтишот ошкор намешавад, бар асоси моддаи 141-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Ин модда дар бораи "алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ" бо нафарест, ки ҳанӯз синнаш ба 16 нарасидааст. Дар банди "б"-и ин моддаи қонуни ҷиноӣ гуфта мешавад, ки агар ин кор аз ҷониби "падару модар, омӯзгор ё дигар шахси вазифаҳои тарбиявӣ ба зиммааш гузошташуда содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад."

Раҷаббибӣ Шералиева, мудири мактаб-интернати ноҳияи Шаҳритӯс, дар сӯҳбат бо мо аз ишфои ному насаби хонандагон худдорӣ кард. Ӯ гуфт, ки дар музофот ифшои чунин кор асосан духтаронро барои як умр бадном ва шояд ба вазъи рӯҳии онҳо низ таъсир бигузорад. Мудири мактаб-интернат мегӯяд, ки дастдарозии омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ ба номуси се хонандаи ин мактаб пештар сурат гирифта, аммо духтарон тоза аз болои ӯ шикоят кардаанд.

"Ин омӯзгор солҳои тӯлонӣ дар мактаби мо кор мекард. Ҳоло ӯ дар боздошт аст ва додгоҳ мӯйро аз хамир ҷудо хоҳад кард. Чунин рафтори омӯзгор ба обрӯи мо, албатта, латма мезанад ва эҳтимол волидонро барои фиристодани духтаронашон ба мактаб нигарон кунад," - афзуд ӯ.

Вокунишҳо ба дастдарозии мардон ба номуси духтарони ҳанӯз ба балоғат нарасида дар Тоҷикистон нарм нест. Ҳатто Додситонии кулли кишвар дар соли 2013 аз афзоиши озори ҷинсии кӯдакон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда буд.

Тобистони соли 2012 додгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон низ омӯзгореро бо ҷурми "педофилия" ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Муфаттишон гуфтанд, ки ин омӯзгор дар зарфи ду сол ба шогирдони синфҳои ибтидоӣ, яъне духтаракони 8-10-сола дасдарозӣ кардааст.

Манбаъ дар додгоҳи ноҳияи Ҷомӣ гуфта буд, ки гуноҳи ин омӯзгори 32-сола, ки падари се фарзанд буда, собиқаи 10-солаи омӯзгорӣ дошт, тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, яъне “амали зӯроварии дорои хусусиятӣ шаҳвонӣ, нисбат ба шахси баръало ба синни 14-солагӣ нарасида” (моддаи 139, қ.4) ва “кирдори бадахлоқона” (моддаи 142) маҳкум ба зиндон ва маҳрум аз ҳуқуқи идомаи фаъолияти омӯзгорӣ шудааст.

Соли 2011-ум низ, ба иттилои мақомоти додситонии вилояти Хатлон, як зани омӯзгор дар ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ барои доштани робитаи маҳрамона бо шогирди ҳабдаҳсолааш боздошт шуда буд. Муаллимаи 27-солаи фанни математика, ки оиладор набудааст, бо шогирди синфи 11-умаш робитаи ҷинсӣ доштааст.

XS
SM
MD
LG