Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чашми баставу дили бинои Мадина


Мадина Холмуродова, як сокини 26-солаи деҳаи Қичилии ноҳияи Хуросон аз модар нобино ба дунё омадааст.

Мадина Холмуродова, як сокини 26-солаи деҳаи Қичилӣ дар ҷамоати деҳоти “Ғаллаобод”-и ноҳияи Хуросон таваллуд шудааст. Ӯ аз лаҳзаи таваллуд чашми бино надорад, вале мегӯяд, ҳеҷ гоҳ эҳсос накардааст, ки аз ин ҷиҳат мушкил дорад. Вай мегӯяд, чаҳор фасли солро бо чашми дилаш мебинад, баҳорро аз наҳкати гулу гиёҳ ва садои булбулон эҳсос мекунад. “Чашми сарам баста аст, вале ин дунёро бо чашми дил мебинам”.

Мадинаро модар водор кард, ки баъди бузург шудани хоҳараш худ саробони оила шавад – ӯ мустақилона чои гарм ва ғизои хонаводаро таҳия мекунад, айёми баҳорон ба боғи ҳавлӣ ва 50 дарахти зардолую бодом худаш нигоҳубин мекунад.

Мадина мегӯяд, дар зиндагиаш на танҳо волидон, балки радиои ҳамешарӯшан барояш хабарҳои охирин, оҳангҳои ҷаззоб ва ҳам дарси забону гуфторро омӯхтааст. Ин аст, ки дар лаҳзаҳои хуш дӯст медорад бо садои баланд оҳанге бихонад ва ба тақлид аз овозхонҳои маъруф худро дар саҳнаи калони ҳунар эҳсос кунад. Мадина гуфт, “Бисёр мехостам, ки ҳунарманд ва овозхон шавам, вале модарам гуфтанд, ки ин кор сахт аст. Аз ин хотир, барои дили худам гоҳо суруд мехонам”.

Одатан, вақте бародарону волидонаш ба кор мераванд, то шом ӯ хонаро нигоҳ мекунад, барои ошхона обкашонӣ, пухту паз мекунад. Гоҳо корҳоеро анҷом медиҳад, ки нафарони дигари озод аз мушкили Мадина тавонашро надоранд.

Дар хонаводаи иборат аз 10 фарзанд Мадина танҳо нафарест, ки мушкили модарзоди нобиноӣ дорад. Ин мушкил боиси он шудааст, ки ҳеҷ гоҳ дӯсту дугонаи наздике надошт. Гоҳо танҳо шунавандаҳои ӯ ҳамин боғу дарахту гулҳоянд, ки бо онҳо ҳамнафас мешавад.

Чашми торику зиндагии рӯшан
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

XS
SM
MD
LG