Идибек ва Манзура алорағми мухолифати хонаводаашон бо якдигар издивоҷ кардаанд. Манзура ҳамқисмати зиндагиашро дар як истироҳатгоҳ ва болои аробачаи маъюбӣ пайдо кард ва ба ӯ дил бохт.
Манобеи Озодӣ мегӯянд, ки як сокини маҳаллаи Хатлони шаҳри Қӯрғонтеппа ба гумони даст доштан дар қатли сарбози пойгоҳи 201-уми Русия боздошт шудааст.
Бо он ки хисорот бар асари сӯхтор ва таркиши маргбор дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон 135 ҳазор сомонӣ, муодили 15 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст, аммо то кунун ба осебдидагон кӯмаки молӣ ироа нашудааст.
Маркази омӯзишии адрасу атласбофиро дар Қурғонтеппа созмонҳои ғайриҳукуматӣ бо кӯмаки муассисаҳои байналмилалӣ таъсис додаанд, то дар коҳиши бекориву камбизоатӣ саҳм бигиранд.
Мавлуда Холиқова, як сокини ноҳияи Вахш, дар синнии 59-солагӣ тасмим гирифт, ки мақоми соҳибхоназанро ба зани ҳунарманд тағйир диҳад.
Мақомоти вилояти Хатлон рӯйхати занҳои ба истилоҳ сабукпо дар ин минтақаро тартиб медиҳанд. Ҳадафи онҳо пешниҳоди кор ва аз роҳи бад баргардонидани ин гурӯҳи занҳо аст.
Раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон се сокини ин минтақаро дар ҷустуҷӯ қарор додааст, ки ба ҳамдастӣ ва узвияти ҳаракати "Толибон" гунаҳгор дониста мешаванд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон се маъмури пулиси Фархорро барои латту кӯби як боздоштшуда дастгир кардаанд. Муовини сардори Раёсати умури дохилии Хатлон гуфт, ки парвандаи онҳо аз рӯи моддаи "баромадан аз ваколатҳои хизматӣ" баррасӣ хоҳад шуд.
Муҳаммадӣ Давлатов, охирин зиндонии тоҷики Гуантанамо бар пояи як созишномаи миёни Вашингтон ва Белград рӯзи 11 июл дар Сербистон сарпаноҳ ёфт ва зиндагиву кори баъдиаш таҳти назорати мақомоти ин кишвари аврупоӣ танзим хоҳад шуд.
Фотима Қосимова ва Сафархон Шарифов – ду сокини ноҳияи Бохтар – баъди газидани канаи гов ба бемории таби хунин (лихорадка) гирифтор шуда, дар бемористон ҷон додаанд. Фотима Қосимова 48 сол ва Сафархон Шарифов ҳамагӣ 17 сол доштааст.
Раҷабалӣ Юлдошев, муовини додситони Хатлон, рӯзи 12 июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, таҳқиқи сабабҳои таркиш дар нуқтаи бензинфурӯшӣ дар ноҳия идома дорад.
Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон сабаби таркиши маргбор дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ҳудуди ноҳияи Бохтарро “натиҷаи беэҳтиётӣ” дониста, дар ин бора ба ҳукумат хулосаашро пешниҳод кардааст.
Мақомоти Хатлон мегӯянд, ки танҳо дар ҷангҳои зидди режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асад 210 сокини ин вилоят иштирок доранд. Аксари ин афрод ҷавон буда, баъзеи онҳо бо хонаводаашон ба онҷо рафтаанд.
Бар асари таркиш дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Бохтар, як нафар ба ҳалокат расида ва 17 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Дар Хатлон тамокупарварӣ ва истеҳсоли нос асосан кори мардуми туркмантабор аст. Онҳо мегӯянд, ҳоло носе, ки истеҳсол мекунанд, то Русия ҳам меравад.
Бархе аз кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ, Ҷилликӯли собиқ, мегӯянд, талаботи зиёд ба нос на танҳо дар дохили кишвар, балки дар Русия онҳоро водор кардааст, то дар заминҳояшон тамоку парвариш кунанд.
Дар Қӯрғонтеппа бо иштироки гулпарварони вилояти Хатлон базми гулҳо баргузор шуд. Баҳром Миров, як масъули Шӯъбаи иттилоот ва таҳлили ҳукумати Хатлон, гуфт, ки ҳадаф аз ин барнома ҷалби мардум барои гулпарварӣ ва тарғиби зебопарастист.
Додгоҳи вилояти Хатлон Ганҷина Ашӯрова, сокини 30-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва корманди собиқи «Тоҷиксодиротбонк»-ро ба ҷурми пайравӣ аз «Салафия» ба якуним соли зиндон маҳкум кард.
Ёфтҳои бештар