Аъзои як хонавода дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон 17 сол боз дар майдони холӣ, дар маҳалли беодам зиста ва ҳоло аз мақомоти кишвар талаб доранд, ки онҳоро ба ҷойи беҳтар бикӯчонанд.
Ду хоҳарон ки яке 13 сол ва дигаре 16 сол доранд, мактаб нахондаанд. Хонаи онҳо дар як макони беодам бунёд ёфтааст. Наздиктарин ҳамсояашон 5 километр аз онҳо дур зиндагӣ мекунад.
Ӯ дар оғоз кашфдӯзиро аз худ карда ва бо нӯги сӯзану ришта хонаводаи худро таъмин намуд. Ҳоло худро дар симои як тоҷири муваффақ озмуданист ва барои ҳамин ба парвариши чорво шуруъ кардааст.
Дар шаҳри Норак баъди сафари президент фаъолияти ошпазҳои сарироҳӣ на танҳо қонунӣ, балки дорои имтиёз шуд.
Мақомоти Хатлон бо ҷалби ҳазорон нафар ба раҳпаймоӣ дар Қӯрғонтеппа мардумро ба ширкат дар раъйпурсии баҳсбарангези рӯзи 22 май ташвиқ карданд.
Радиои Озодӣ аз чанд ҷавони тоҷик дар Душанбе пурсид, ки поин овардани синни номзад ба мақоми раиси ҷумҳур дар Конститутсия кори дуруст аст ва оё имкони баробари рақобат ба ҳамаи ҷавононро медиҳанд.
Муҳаммадӣ Шарипов ва Нисогул Бобохоноваро дар деҳаашон дар рустои Далдахӯрони Норак шоҳу маликаи занбӯрҳо меноманд. Онҳо аввал як қуттии занбӯр доштанд вале ҳоло 200 қуттии занбӯр доранд ва зиндагияшонро аз ҳамин ҳисоб пеш мебаранд.
Дар муҳокимаи додгоҳӣ, ки рӯзи 16-уми май дар маркази вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа сурат гирифт, додрас 5 сокини ҷамоати Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро барои талоши “ғасби ҳукумат” дар Тоҷикистон гунаҳкор донист ва ҳамаи онҳоро аз 5 то ба 6 соли зиндон маҳкум кард.
Додгоҳи вилояти Хатлон 5 нафарро бо гуноҳи пайравӣ ба ҷараёни бунёдгарои Салафия ба зиндон маҳкум кард.
Нурулло Шулашов, собиқ раиси кулли нерӯгоҳи барқи обии Роғун нороҳатиашро аз вуҷуди монеаҳо дар сохтмони “Роғун” пинҳон намекунад.
Нурулло Шулашов, раиси собиқи нирӯгоҳи барқи обии Роғун мутмаин аст, ки барои сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бояд сари мизи гуфтушунид нишаста, ҳама шарту шароити ин тарҳро машварат кунанд.
Дар минтақаи Қӯрғонтеппа паноҳгоҳи вижа дари худро ба рӯи заноне, ки аз хушунату зӯроварии хонаводаи шавҳар фирор карда ва бо фарзандони ноболиғашон ҷойи рафтан надоштаанд, боз кардааст.
Як ҷавони зодаи ноҳияи Ёвон аз Русия барои ширкат дар мусобиқаи гуштӣ ба зодгоҳаш баргашт, вале дар инҷо бо иттиҳоми "ифротгароӣ" дастгир шуд.
Намояндагони мақомоти расмӣ ва ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар як ҷаласаи махсус аз имомҳои 25 шаҳру ноҳияи минтақаи Қӯрғонтеппа хостаанд, ки монеи гароиши ҷавонон ба ҷараёни мамнӯи "Салафия" шаванд.
Бархе аз имом-хатибони минтақаи Қӯрғонтеппа мегӯянд, онҳо муваззаф шудаанд, ки дар масоҷид бештар мушоҳидакор шуда, пайравони равияҳои мамнӯе мисли "Салафия"-ро ошкор кунанд.
Як духтари ҷавон аз ноҳияи Панҷ барои он ки бо садои сохтаи мардона чанде аз духтаронро ошиқаш кардааст, бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - "қаллобӣ" ва "тамаъҷӯӣ" - муттаҳам шуд.
Дар симои деҳқон марди қавиеро бо чеҳраи офтобхурда мардум тасавур мекард. Ҳоло дар водии Вахш занонеро мисли Оростамоҳ, вохӯрдан мумкин аст, ки деҳқони муваффақанд. Даромади Оростамоҳ аз боғи навбунёд, то 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Мақомоти шаҳри Қӯрғонтеппа ба дари чанд дискоклуб ва тарабхонаҳое, ки шабона кор мекарданд ва ҷои таҷаммӯи ҷавонписарон ва ҷавондухтарон буданд, муҳр заданд.
Амонулло Саъдуллоев, ки моҳи августи соли гузашта аз мақоми муовини раиси ширкати "Барқи тоҷик" барканор шуда буд, сардори "Шабакаҳои барқи ҷануб" таъин шудааст.
Ёфтҳои бештар