Баъд аз зӯҳри шанбеи 9-уми июл дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Бохтар таркиш рух дод, ки бар асари он як нафар ба ҳалокат расида ва 17 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳодиса соати 4:30 дақиқа дар як нуқтаи бензинфурӯшӣ воқеъ дар шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Кӯлоб дар 2-километрии бозори маъруфи "Ҳоҷӣ Шариф" иттифоқ афтодааст.
Аз шӯъбаи қабули беморхонаи вилоятӣ ба номи Бӯрӣ Воҳидов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии се тан аз захмиҳо сангин мебошад. Фарде, ки дар ин ҳодиса ҷон бохтааст, Алихон Малахови 35-сола, сокини ҷамоати Бохтурободи шаҳри Сарбанд мебошад.
Сулаймон Исоев, сардори Ситоди оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса аз беэҳтиётӣ ва бар асари таркиши лӯлаҳои газ рух додааст.
Як манбаъ аз Идораи оташнишонии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таркиш замоне рух дод, ки як мошини "Дулан" дар ин НФС, маводи сӯхт холӣ мекард.
Хисороти молии ин фалокат ҳоло маълум нашудааст, аммо ба ҷуз нуқтаи бензинфурӯшӣ, ҳамчунин як мағоза, як тарабхона ва чанд манзили истиқоматӣ, ки дар паҳлӯи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ қарор доштанд, осеб дидаанд.
Раҳматулло, як сокини ҷамоати "Қизилқалъа", ки хонааш дар 200-метрии маҳалли ҳодиса қарор дорад, гуфт, ки дар ин таркиш се фарзанди ноболиғаш осеб дидаанд. Вай гуфт, ки духтараш Нилуфари 13-соларо ба бемористон овардааст ва ду фарзанди дигараш дар хона табобат мегиранд.
Нилуфар -- шоҳиди ҳодиса нақл кард, ки ӯ машғули бозӣ буд, ки таркиш сурат гирифт ва аз тарс пойҳояш аз ҳаракат монд ва дигар натавонист аз ҷои ҳодиса фирор кунад. Вай мегӯяд, вақте мадор пайдо кард ва ба сӯи хона давид, оташпорае ба пушташ расид ва дастон ва камарашро осеб расонд.
Мисли Нилуфар дар миёни осебдидагон ноболиғони дигар низ ҳастанд. Рухсора - як зани сокини ин маҳал гуфт, писараш мехост ба ҳамсояҳое, ки хонаҳояшон дар пайи ин ҳодиса оташ гирифта буд, кӯмак кунад, вале оташ аланга гирифт ва пойҳояш осеб диданд. Рухсора мегӯяд, ки вазъи саломати писараш хуб ҳаст, вале аз бобати саломатии писари ҳамсояаш нигарон мебошад.
Дар Тоҷикистон таркиш дар нуқтаҳои бензинфурушӣ зиёд дида нашудааст, вале ин ҳодиса яке аз таркишҳои маргбортарин аст, ки дар чанд соли ахир рух медиҳад. Аз ин қабл дар моҳи ноябри соли 2014 дар як нуқтаи бензинфурӯшӣ дар ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ таркиш рух дод, ки бар асари он 4 нафар ҷон бохтанд.