Ҳамроҳ бо Муҳаммадӣ Давлатов шаҳрванди Яман Мансур Аҳмад Саад Аддайфӣ ҳам аз ин баъд муқими Сербистон хоҳад буд.
Кайл Скотт, сафири Амрико дар Белград шоми 12 июл гуфт, муҳимтарин кор ин аст, ки ин ду нафар аз сӯи ҷомеаи Сербистон пазируфта шуданд. "Ҳамакнун онҳо имкони шурӯи зиндагии навро дар Сербистон пайдо карданд. Бовар дорам, ки ҳукумати Сербистон аллакай чанд иқдомро дар ин замина анҷом додааст ва дар оянда ҳам кӯмак хоҳад кард," - афзуд дипломати воломақоми амрикоӣ.
Муҳаммадӣ Давлатов ҳоло 38 сол дорад. Ӯ 14 соли охир бо гумони узвият дар Ҳаракати Исломии Узбакистон ва тамрин дар қароргоҳҳои шабакаи “Ал-Қоида” дар Афғонистону Покистон дар маҳбаси Гуантанамо нигаҳдорӣ мешуд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон соли 2002 аз сӯи мақомоти интизомии Покистон боздошт ва баъдан ба зиндони низомии Амрико дар ин ҷазираи мансуб ба Куба интиқол ёфт.
Муҳаммадӣ Давлатов боре ҳам муҳокима ва алайҳи ӯ расман айб эълон нашудааст.
Метю О’Ҳара, вакили дифои Муҳаммадӣ Давлатов, мегӯяд, баъди талошҳои зиёд мақомоти амрикоиро мӯтақоид карданд, ки Давлатовро ба Тоҷикистон барнагардонанд. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Тоҷикистон дар фосилаи солҳои 2002 то 2004 се дафъа ба Гуантанамо рафта бо ин бандӣ мулоқот карданд. Давлатов аз бозгашт ба Тоҷикистон сарпечӣ кардааст.
Метю О'Ҳара меафзояд, шахси зери ҳимояташ дар Сербистон зиндагии навро шурӯъ карда, мехоҳад дар мактаби тарҷумонӣ таҳсил кунад. "Ӯ забонҳои тоҷикиву русиро медонад ва дар зиндон англисиву арабиро омӯхтааст," - гуфт О'ҳара.
Аммо дар хонаи падари Муҳаммадӣ Давлатов дар ноҳияи дурдасти Панҷ аз ин хабар огоҳ нестанд. Модари Муҳаммадӣ – Шамъигул Нуралиева, ки соли 2010 аз рӯи акси матбуот писари гумшудаашро шинохта ва аз мақомот бозгардони писарашро тақозо мекард, соле пеш даргузаштааст.
Дар бораи он ки Муҳаммадӣ Давлатов кай ва чӣ гуна то Афғонистон ва баъдан Покистон рафтааст, назарҳо гуногунанд. Аз ҷумла, пайвандони Муҳаммадӣ Давлатов мегӯянд, ӯ то солҳои 1996-97 ҳамроҳи онҳо буда, баъдан як муддат зери дасти Мирзо Зиёев дар Вазорати ҳолатҳои фавқулода дар Душанбе кор кардааст. Фатҳиддин Давлатов, падари 75-солаи Муҳаммадӣ, ин нуктаро шахсан таъкид кард ва гуфт, "писараро гумроҳ карда ба Афғонистон бурданд, вагарна ӯ як бача буд".
Вале ҳамдеҳагону ҳамсояҳои Муҳаммадӣ Давлатов дар ноҳияи Панҷ мегӯянд, баъд аз соли 1992 онҳо Муҳаммадиро надидаанд ва касе ҳам гуфта наметавонад, ки ӯ чӣ гуна ба Афғонистон рафт ва он ҷо чӣ зиндагие дошт. Танҳо баъди соли 2010 намояндагони созмони Салиби Сурх гоҳ-гоҳ ба хонаи онҳо меоянд.
То ҳол аҳли хонавода ҳеҷ гоҳ бо Муҳаммадӣ тамоси мустақим надоштаанд, аз ин рӯ танҳо матбуот аст, ки барояшон аз ӯ хабар мерасонад. Дар бораи сарпечии Муҳаммадӣ аз бозгашт ба Тоҷикистон ҳам онҳо аз матбуот дарак ёфтанд.
Муҳаммадӣ Давлатов яке аз 12 зиндонии тоҷики Гуантанамо буд, ки дар қаламрави Афғонистону Покистон аз ҷониби нирӯҳои интизомӣ боздошт шудаанд. То имрӯз ҳадди ақалл ҳафт нафари онҳо баъд аз чанд соли ҳабс дар Гуантанамо мӯҳлати ҷазои худро дар зиндонҳои Тоҷикистон адо кардаанд.