Дар ҳоле ки ҷашни 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон наздик мешавад, сокинони кишвар сарнавиштҳои худро дар ин муддат қисса мекунанд. Як сокини ноҳияи Сарбанд, мегӯяд, аз ҷумлаи онҳое буд, ки истиқлолро ба хушӣ пазируфт, аммо баъдан дар гирдоби ҷанги дохилӣ дармонд.