Дар натиҷаи як амалиёти фаврии кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон аз ҳодисаи хариду фурӯши ашёҳои таърихӣ, аз ҷумла 3 адад тандис ё иконаи Исои Масеҳ ва 19 адад ордену нишонҳои сарисинагии иштирокчии Ҷанги Дуюми Ҷаҳон мусодира шудаанд.
Икона ва нишонҳои сарисинагӣ аз Тағай Боймуродов, як сокини 55-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа мусодира шудаанд. Тафтишот собит кардаа, ки ӯ мехост ин ҳамаро ба шаҳрвандони Афғонистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба фурӯш гузорад, вале боздошт шудааст.
Абдуҷалил Муллоев, муовини Раёсати минтақавии гумруки вилояти Хатлон рӯзи 4 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабаро тасдиқ карда гуфт: “Ҳангоми фурӯш кормандони мо Тағай Баймурдовро дастгир карданд. Ӯ нишонаҳои сарисинагӣ ва иконаҳоро надуздидаст, аз нафароне, ки соҳибонашон мурдаанд, пайдо кардааст, харидоронашон афғонҳо мебошад. Хариду фурӯши инҳо, ки арзиш дорад, аз бобою бобокалони мо мондааст, набояд бароварда шаванд”.
Тибқи иттилои расмӣ, сокини Қӯрғонтеппа нишону сикаҳои сарисинагиро аз набераву абераҳои собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва иконаҳо ё аксҳои Исои Масеҳ ва Мариями Муқаддасро аз авлодҳои русҳое ба даст овардааст, ки қайди ҳаёт нестанд.
Як мақоми дигари Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон гуфт, ки нишонҳои сарисинагӣ ва иконаҳое, ки мусодира шудаанд, арзиши бадеӣ ва таърихӣ доштаанд, вале дар бораи қимати онҳо дар хориҷӣ кишвар хабар надорад. Масалан, иконаҳо беш аз 100 сол умр дошта, охири асри 19 ва авали асри 20 эҷод шудаанд.
Раҳмоналӣ Давлатов, як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки бо зиндагии масеҳиёни минтақа ошноӣ дорад гуфт, ки икона дар хонаводаи масеҳиён ҷойгоҳи махсуси худро дорад: “Православҳо ва катотликҳо пеши икона ё наққошиҳои пайғамбарашон таъзим мекунад ва эҳтиром мекунад, ин аксҳо дар ибодатгоҳо гузошта мешавад, имконаҳои қадима, аз вақти пайдоиши масеҳият барои як масеҳии содиқ арзиши зиёде дорад.”
Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон гуфт, ки онҳҳо иконаҳо ва нишону ордерҳои сарисинагие, ки мусодира кардаанд ҳамроҳ бо парвандаи ҷиноие, ки алайҳи Тағай Боймуродов боз шудааст, ба додгоҳи вилояти Хатлон фиристодаанд.
Дар ҳамин ҳол як масъули додситонии вилояти Хатлон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки алайҳи Тағай Боимуратов бар асоси моддаи 341-и Кодекси Ҷиноӣ, яъне соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷатҳои расмӣ ва мукофотҳои давлатӣ парванда боз шуда, вале ин парвандаро на ба додгоҳ, балеи ба Раёсати Умури дохила фиристодаанд. Агар парвандаи ҷиноӣ аз додгоҳ ба пулис равад хусусияти
Молҳои таърихӣ, ки барои хариду фурӯш пешниҳод мешаванд, аксар вақт мавриди таваҷҷӯҳи атиқафурӯшон қарор мегиранд. Дар доираҳои атиқафурӯшон мегӯянд, ки ҳар моли бештар аз 50 сол дошта метавонад арзиши таърихиву пулӣ дошта бошад. Дар миёни маводи мавриди таваҷҷӯҳи атиқафурӯшон, аз ҷумла атиқафурӯшони ғайриқонунӣ, пулу сиккаҳои қадима, силоҳ, аксҳо, наққошиҳо, сару либос, ҷавоҳирот, зарфу васоили ошпазӣ, маркаи почта ва ғайра зикр мешаванд. Ҳоло бозори атиқафурӯшӣ на танҳо дар фурӯшгоҳҳои махсус, балки дар Интернет ҳам фаъол аст. Вале сохторҳои ҳифзи қонун ҳушдор медиҳанд, ки ҳама гуна муомилаҳои ихтиёрӣ ва ғайримуҷоз бо маводи атиқа дар баробари қонун ҷавобгарӣ дорад. Пеш аз берун баровардани ин мавод аз хоки кишвар шаҳрванд бояд иҷозатномаи махсуси сохторҳои дахлдорро ба даст оварад.