Мақомоти тафтишотӣ ҳодисаи кушта шудани як сарбози пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистонро аз рӯи моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "куштор” пеш мебаранд. Дар чаҳорчӯби ин тафтишот, Аҳлиддин Машрабов - гумонбари аслии қатли Алексей Буенкови 40-сола - боздошт шудааст.
Хуршед Намозов, сардори шӯъбаи тафтишоти Шӯъбаи корҳои дохилии Қӯрғонтеппа, рӯзи 4 август ба Озодӣ гуфт, чеҳраи Машрабовро дар сабти навори дурбини назоратӣ шинохта ва боздошт кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар видео саҳнаи ҳамлаи Машрабов ба сарбози рус низ сабт шудааст.
Ба иттилои Хуршед Намозов, тафтиши пешакӣ ба чунин хулоса омадааст, ки қабл аз куштор миёни Машрабову ду рафқии ӯ ва ҳам сарбози русу ҳамроҳаш дар навбати ташноби тарабхонаи "Карина" моҷаро бархост. "Дар пайи низои лафзӣ як сарбози ҳамроҳи Буенков дӯсти Машрабовро гӯё бо мушт зада ва баъд аз ин моҷаро бархостааст. Баъди муддате Машрабов ба Буенков бо корд ҳамла карда ӯро кушта аз ҷои ҳодиса фирор кардааст," - гуфт ӯ.
Тафтишот мегӯяд, ҳодисаи ҳамла ба Буенков шаби 30 июл тахминан соатҳои 23:30 рух дод ва баъди ним соаташ сарбози маҷрӯҳ дар натиҷаи хунрезии шадид дар бемористони ба номи Бӯри Воҳидови шаҳри Қӯрғонтеппа ҷон дод. Дар сурати аз ҷониби додгоҳ тасдиқ шудани гуноҳи шахс дар куштори барқасдона, ӯро аз 15 то 25 соли зиндон таҳдид мекунад.
Як рӯз пеш Ярослав Рошупкин, роҳбари хадамоти матбуотии Округи марказии ҳарбии Русия, ки пойгоҳи 201−ум низ тобеи он аст, дар сӯҳбат бо Озодӣ ҳодисаи кушта шудани сарбози русро тасдиқ карда ва гуфта буд, аз рӯи таҳқиқоти пешакӣ, "ин як ҳодисаи маишӣ аст". Ӯ гуфт, ин ҳодиса "як моҷароест, ки паёмадҳои сангин дар пай доштааст". Рошупкин афзуд, тафсилоти дигари ин ҳодиса дар ҷараёни таҳқиқи ин парвандаи ҷиноӣ маълум мешавад, ки аз ҷониби фармондеҳони пойгоҳи 201-ум ва ҳам сохторҳои тафтишотии Тоҷикистон сурат мегирад.
Рошупкин гуфт, ки низомии кушташуда як "сарбози қаторӣ буд".
Мадина, як пешхидмати тарабхонаи "Карина", рӯзи 3 август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, "ҳодиса соати 23:30 рух дод. Мо дидем, бачае, ки ҷанг кард, дар дасташ корд дошт ва мегуфт, ки ҳамаатонро мекушам. Баъд аз ҷои ҳодиса фирор карда буд."
Тафреҳгоҳи “Карина” яке аз маъмултарин маҳалҳои истироҳати сокинони Қӯрғонтеппа ва ҳам сарбозони пойгоҳи 201 Русия мебошад. Маъмулан онҳо рӯзҳои шанбеву якшанбе дар ин тарабхона гурӯҳ-гурӯҳ омада истироҳат мекунанд.