Қаҳрамон Бобохонов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Қурғонтеппа рӯзи чоршанбеи 31 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин варзишгоҳ дар канори шаҳр, аз ҳисоби заминҳои ноҳия Бохтар, ки дар чанд соли пеш ба "Генплан" ё нақшаи кулли шаҳри Қурғонтеппа ворид шуда буд, бунёд мешавад.
Ба гуфтаи вай, “натанҳо маҷмааи варзишӣ, ҳамчунин маркази фароғатӣ ва истироҳатӣ барои сокинон дохили ҳамин иншооти муҳим ва азими Қурғонтеппа, бунёд мегардад. 12 гектари онро боғ ташкил дода, барои сайру гашт ва тафреҳи сокинон дар назар гирифта шудааст.”
Дар Қурғонтеппа ҳамакнун боғе барои гашту гузори мардум вуҷуд надорад ва боғе, ки дар замони Шӯравӣ бунёд ёфта буд, ба хотири хурд будани масоҳаташ, дар онҷо бинои нави Театри вилоятӣ қомат афрохт.
Аммо шҳрдори Қурғонтеппа солҳо тасмими бунёди як боғи замонавиро дар барномаи шаҳрсозияш ғунҷонда буд ва ҳамакнун дар баробари бузургтарин Маҷмааи варзишӣ бунёд мешавад. Ҳамчунин дар дохили ин маҷмаа бунёди кӯлҳои сунъӣ барои шиноварӣ дар назар гирифта шудааст.
Аз идораи шаҳрсозии Қурғонтеппа ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тарҳи бунёди Маҷмааи варзишӣ таҳия шуда ва корҳои сохтмонӣ дар ояндаи наздик оғоз хоҳанд шуд ва санги асоси бунёди ин маҷмаа ҳам гузошта шудааст.
Бо он, ки ҳазинаи сохтмони ин маҷмаа ҳангуфт гуфта мешавад, аммо мақомот аз эълони он худдорӣ мекунанд. Вале маблағи сохтмони танҳо варзишгоҳи футбол барои 25 ҳазор ҷой дар дохили ин маҷмаа, 25 милион сомонӣ арзёбӣ шудааст. Ин маҷмааи варзишӣ аз будҷаи худи шаҳри Қурғонтеппа сохта мешавад.
Ибодуллоҳ, як варзишгар аз шаҳри Қурғонтеппа сохтмони маҷмааи варзишӣ дар ҷануби Тоҷикистонро иқдоми хуб медонад. Зеро ба гуфтаи вай, маҷмааҳои хурди варзишӣ, ки дар шаҳр аст ва ҳатто пулакӣ мебошад, на ба ҳама, ба хусус ҷавонон имкон медиҳад, то машқи бадан кунанд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин, Ибодуллоҳ пешниҳод дорад, ки дар сурати фаъол шудани маҷмааи варзишӣ, хуб мешуд, хизматрасониҳо ройгон бошад ё нархҳо нисбатан арзон гардад: "Дар шаҳр чанд варзишгоҳ ҳаст, ки ҳамааш ба талабот ҷавобгӯй нест. Хело кам аст ва барои тамрин кардан бояд шароити хубтаре бошад. Ҳамин маҷмааи варзишие, ки омода мешавад, хуб мешуд, ки барои варзишгароне, ки расман сабти ном ҳастанд, ройгон хизмат расонад."
Шоҳзод Раҳимов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон низ мегӯяд, ки маркази вилояти Хатлон ба як чунин маҷмаъаи варзишии типи нав ниёз дорад: "Мо дар гузаронидани мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мушкил дорем. Чун ҷойи баргузор карданашро дар минтақа надорем. Ҳоло дар назар аст, ки ҳамин марказ барои чанд намуди варзиш фаъол шавад, ки имконияти мо бештар мегардад ва шароит барои варзишгарон хуб мешавад."
Ба бовари Шоҳзод Раҳимов, мавҷудияти ин гуна маҷмаааҳои варзишӣ боис мешавад, то ҷавонон аз бекорагардӣ ба варзиш ҷалб шаванд ва ҳатто омилҳои пайвастан ба ифротгароӣ миёни ҷавононро коҳиш хоҳад дод.
Зимнан, дар ҳама шаҳру навоҳии Тоҷикистон, ба хусус дар мактабҳо варзишгоҳҳое аз даврони Шӯравии пешин боқӣ мондаанд, аммо ин варзишгоҳҳо куҳнаву фарсуда шуда ва барои хизматрасонӣ ба ҷавонон мусоид нестанд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар чанд соли пеш дастур дода буд, то дар шаҳру ноҳияҳои кишвар майдонҳо ва маҷмааҳои варзишӣ бунёд шавад, то ҷавонон битавонанд ба варзиш фаро гирифта шавад. Аммо на дар ҳама шаҳру ноҳия ин дастур амалӣ шудааст.