Ҷумъабой Шамсиддинов, муҳандиси тоҷик пушти мизи кории худ нишаст ва ба хабарнигори Радиои Озодӣ нақшаи дастгоҳеро нишон дод, ки ба бовари ӯ рӯзе метавонад, қисмате аз нерӯи барқи Тоҷикистонро истеҳсол кунад ва дар пешрафти он саҳм гузорад.
Мақомоти расмии Хатлон мегӯянд, барои рафъи оқибатҳои сели вайронгар даҳҳо маъмури наҷот ва садҳо корманди ихтиёриро ба ноҳияи Хуросон сафарбар кардаанд.
Беш аз 180 шаҳрванди Тоҷикистон шаби гузашта тавассути парвози махсуси ширкати "Сомон Эйр", аз Маскав ба Кӯлоб расиданд.
Сокинони деҳаи Ҳалқаҷар дар ноҳияи Хуросон паёмадҳои сели шоми 21-уми мартро рафъ мекунанд. Сел дар инҷо ба хонаҳои мардум осеб расонд ва молу амволашонро нобуд кард. Мардум шикоят доранд, ки касе аз мақомот ба додашон намерасад.
Муҳаббат Ҷонакова ва Бобохон Беков, сокинони ноҳияи Кушониён, ҳамроҳ бо фарзандон 20 соли ахир дар гӯшаҳои гуногуни вилояти Хатлон, гоҳ дар вагону гоҳ дар бошгоҳҳои саҳроӣ ва гоҳе ҳам дар анборҳо иҷоранишинанд.
Гурӯҳе аз ронандагони мошинҳои боркаш аз Афғонистон шикоят доранд, ки мақомоти Тоҷикистон ба онҳо иҷоза намедиҳанд, молу маҳсулоташонро ба кишвар ворид кунанд.
Рӯзи 11-уми март дар Тоҷикистон иди матбуотро ҷашн гирифтанд, ки чанд сол боз вазъияти нохуберо паси сар мекунад. Чанде аз нашрияҳо аз кор монда, бархе аз хабарнигорон дар хориҷа паноҳанда шудаанд.
Дар Бохтар хариди ҳафтанома ва маҷаллаҳои чопӣ мисли тамоми дигар манотиқи Тоҷикистон кам шудааст. Сабабҳои онро дар ин гузориш бубинед.
Мақомот дар вилояти Хатлон аз тарзи нави ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ кор гирифтаанд. Онҳо ҷавононро пеш аз рафтан ба артиш дар курсҳои бепули ронандагӣ омӯзиш медиҳанд ва дар поёни чунин давраҳо ба онҳо шаҳодатнома месупоранд.
Дар шаҳри Левакант, (Сарбанди собиқ) манораи Эйфел месозанд. Мақомоти шаҳр бовар доранд, бо сохтани нусхае аз манораи маъруфи пойтахти Фаронса Левакант, шабеҳи Париж мешавад.
Дар шаҳри Леваканд, (Сарбанди собиқ) манораи Эйфел месозанд. Мақомоти шаҳр бовар доранд, бо сохтани нусхае аз манораи маъруфи пойтахти Фаронса Леваканд, шабеҳи Париж мешавад.
Боронҳои баҳорӣ садҳо ҳазор сокини Хатлон, вилояти бузурги кишоварзии Тоҷикистонро хурсанд мекунад, аммо садҳо нафар аз ин боронҳо сахт метарсанд. Бахусус онҳое, ки дар канори рӯдхонаи азими Вахш зиндагӣ мекунанд.
Бархе аз сокинон дар деҳаҳои вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ба интихоботи порлумонии 1-уми март раванд, ё не. Онҳо мегӯянд, солҳо боз аз надоштани оби поки ошомиданӣ ва бунгоҳи тиббӣ ранҷ мекашанд.
Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, танҳо дар се моҳи ахир 15 маҳбуси собиқ баъди афв ҷиноят карда, ба зиндон баргаштаанд.
Мақомот дар вилояти Хатлон мегӯянд, кӯшиш доранд, ки зиндониёни собиқро бо ҷойи кор таъмин кунанд. Аммо на ҳама омодаи қабули онҳо ба кор ҳастанд.
Муҷассамаи Бобоҷон Ғафуровро ба зудӣ аз маркази шаҳри Бохтар мебардоранд, чун ба гуфтаи мутахассисон фарсуда шудааст ва ҳам ба Қаҳрамони Тоҷикистон чандон монанд нест.
Деҳаи "Иттифоқ"-и ноҳияи Вахш 320 хоҷагӣ ва 500 хонандаи мактаб дорад. Аз набуди мактаб кӯдакон аз 6 то 12 километр роҳро тай карда ба деҳоти ҳамсоя мераванд.
Ёфтҳои бештар