Марги шаш зан бо тифли батнашон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон боис ба барканории ду масъули соҳаи тандурустӣ дар минтақа шудааст. Ин занон дар моҳи июн ва июли имсол ҳангоми таваллуд дар зоишгоҳ фавтидаанд.
Меҳрнигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик, соҳиби Green Card (гринкорт)-и Амрико шудааст ва ҳоло дар Иёлоти Муттаҳида қарор дорад. Ӯ рӯзи 3-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "як умр дар он сӯи Уқёнус монданӣ нест" ва дубора ба кишвар бармегардад.
Ҳабиб Саид, адиб, блогнавис ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳифзи мусиқии нодири тоҷикӣ дар Интернет саҳифае боз кардааст, ки дар он даҳҳо таронаю мусиқӣ, гуфтору наворҳои нодире аз замони шӯравии собиқро метавонед пайдо кунед.
Туркманҳои муқими Тоҷикистон, ки асосан дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд, баъзе аз одатҳои қадимии худро тағйир додаанд.
Бо қарори Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистон имсол оҳангсоз ва мусиқишинос Ҷӯрахон Обидпур барандаи Ҷоизаи ба номи Борбад эълон шуд. Профессор Обидпур муаллифи даҳҳо асари мусиқӣ ва ҳам тартибдиҳандаи яке аз комилтарин луғатномаҳои мусиқист.
Теъдоде аз вакилони мардумӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, таътили тобистонаро бо деҳқонӣ, муолиҷа ва ё анҷоми корҳои хусусӣ сипарӣ кардаанд. Таътили думоҳаи тобистонаи вакилони Маҷлиси намояндагон ба поён мерасад ва, қарор аст, онҳо рӯзи 16-уми август паси мизҳои корӣ баргарданд.
Иди Қурбони имсола барои хоҳарон Мавзунаи 8-сола ва Фотимаи 6-сола қариб бо фоҷиа анҷомид. Ҳарду ҳангоми идгардак ба дарё афтоданд ва ҷавоне тасодуфан онҳоро дида аз об берун кашид.
Рӯзҳои 7 ва 8-уми август дар Хуҷанд консерти сарояндаи шинохта Афзалшоҳи Шодӣ баргузор гашт. Барномаи ӯ бо сабаби беморӣ ва ҷарроҳияш дар Олмон ба таъхир афтод. Ва ҳам навори сипосгузории ӯ аз раисиҷумҳури Тоҷикистон баҳсеро ба бор овард.
Боло рафтани қимати гӯшти гов дар Тоҷикистон, мардуми камбизоатро бахусус дар ноҳияҳои ҷанубӣ аз истеъмоли ин маводи ғизоии муҳим барои рушду инкишофи инсон маҳрум кардааст.
Мақомоти интизомӣ дар вилояти Хатлон мардеро бо иттиҳоми ба худкушӣ расонидани арӯси 18-солаи хонавода боздошт кардаанд. Эмом Забиров, сокини 64-солаи деҳаи Зарнисори ноҳияи Ҷайҳунро ба он муттаҳам мекунанд, ки бо таҳқиру дашноми зиёд сабаби аз ҷонаш "безор" шудани Гулбаҳор Фаромарзова шудааст.
Сафаралӣ Файзалиев дар 18 солагӣ аз ноҳияи Балҷувон ба ҷанг рафт. Ӯ аз тарс дар рӯзҳои аввалу гум кардани он баъди дидани майдонҳои хун мегӯяд. Рӯзҳо беғизо меҷангиданд ва дар хиёли Сафаралӣ доим тути ҳавлии модар медурахшид.
Сокинони ҷамоати Навобод дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ хабар доданд, ки мақомот ба хотири даъвати ҷавонон ба артиш ба дари панҷ масҷид муҳр задаанд. Мақомот мегӯянд, барои тарс додани мардум чунин нақшае доштанд, вале онро амалӣ накардаанд.
Дар Хатлон кишоварзон мегӯянд, ки мисли солҳои пешин аз заминҳояшон ҳосил намегиранд. Заминҳо аз кишти зиёд хаста шудаанд ва ё онро бар асоси меъёрҳои муқарраршуда коркард ва барои кишт омода намекунанд.
Озар Салим, шоири тоҷик мегӯяд, ҷоизаи “Килки Заррин”, ки дар ғайбаш ба ӯ доданд, ҳанӯз аз Афғонистон наомадааст ва ба дасташ нарасидааст.
Баъди гузориши Радиои Озодӣ дар бораи бекории маҳбусони собиқ ва зиндагии пурмушкили Наимҷон Исомиддинов, мақомот қисме аз кӯмакпулии ӯро пардохт ва барояш ваъдаи кор кардаанд. Наимҷон баъди панҷ соли адои ҷазо, 4 моҳи пеш аз зиндон озод шуд.
Пайдо шудани ҷасади наварӯсе аз анбори хонаводаи шавҳар сару садои зиёдеро дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) ба миён овардааст. Баъзе мегӯянд, арӯсро куштаанд ва баъзеи дигар мегӯянд, шояд муносибати нохуб ё ҷанҷоли оилавӣ сабаби худкушӣ шудааст.
Садақаи хун дар Рамазон
Мақомоти Хатлон бо як қарори баҳсбарангез нимпайкараҳои зарҳалии се фармондеҳи замони ҷанги дохилиро ба феҳристи ёдгориҳои таърихии ин вилоят ворид кардаанд.
Оромгоҳҳо ва мазорҳои чеҳраҳои маъруфи исломӣ дар ҷануби Тоҷикистон, дар баробари доштани арзиши таърихӣ ва фарҳангӣ, гоҳҳо макони арзу ниёзи сокинон барои расидан ба мурод будааст.
Ёфтҳои бештар