Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони селзадаи Ҳалқаҷар муҳтоҷи кумаки фаврӣ шудаанд. ВИДЕО


Акс аз торнамои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон
Акс аз торнамои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон

Сокинони деҳаи Ҳалқаҷар дар ноҳияи Хуросон паёмадҳои сели шоми 21-уми мартро, ки боис ба марги як нафар шуд, рафъ мекунанд. Сел дар инҷо ба хонаҳои мардум осеб расонд ва молу амволашонро нобуд кард. Мардум шикоят доранд, ки касе аз мақомот ба додашон намерасад. Мақомоти расмӣ мегӯянд, фалокат ба 200 хона осеб расонидааст ва онҳо ба тоза кардани мактабу хонаҳои мардум машғуланд.

Зарина Мавлонова, сокини Ҳалқаҷар, рӯзи 24-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "як кас ба сӯи хонаи мо тоб намехӯрад. Ҳеч кас ҳам ёрӣ накардааст аз тарафи давлат, то лойро барорем. Мехоҳем, ки дастгирӣ кунанд ва биёянду лойро аз инҷо бароранд."

Сокинони деҳа мегӯянд, баъди фалокат ва дохили хона шудани гил дар берун ё хонаҳои ҳамсояҳо хобидаанд ва ҳадди ақал ба хайма эҳтиёҷ доранд. Мавлонова мегӯяд, шаби гузаштаро дар хонаи ҳамсоя рӯз кард: "Шаб рост истодем, хоб накардем".

Баъзеҳо шикоят доранд, ки маъмурони наҷот ва ё кормандони ҳолатҳои фавқулода корашонро дуруст анҷом намедиҳанд. ​Маҳмадсалим Ёқубов, яке аз сокинони Ҳалқаҷар, мегӯяд, "ягон кас ягон ҷойро тоза накардааст. МЧС бензин кофта мегардад. Биё, равем, нишон диҳем."

Ёсин Абдуллоев, сокини дигари деҳа гуфт, "мӯзаҳои зард пӯшидаанд, ба даруни лой даромадан намехоҳанд. Мехоҳанд, хушкӣ бошад."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Сокинони селзадаи Ҳалқаҷар муҳтоҷи кумаки фаврӣ шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Мардум мегӯянд, ҳоло худашон хонаҳояшонро пок мекунанд, ҳарчанд баъзе аз кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ онҷо ҳузур доштанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон низ рӯзи 24-уми март чанд аксро наш кард, ки дар он сарбозон дар ҳоли тоза кардани манзили сокинон тасвир ёфтаанд.

Маълум нест, он як ҳолати ҷудогона аст, ё сарбозон ба покиза кардани хонаҳои ҳамаи сокинон кумак мерасонанд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, фалокат ба 200 хона осеб расонидааст ва арзёбии хисорот барои кумак идома дорад.

Нарзулло Шодиев, як масъули ҳукумати ноҳияи Хуросон гуфт: "Айни корҳои тоза кардани мактаб, кандани заҳбурҳо ҷараён дорад. Шахсан раиси ноҳия хона ба хона гашта истодааст. Мудири маориф ва дигарон ёрӣ мекунанд. Ситоди вижа ташкил шудааст."

Сокинон мегӯянд, ки рахна шудани кӯле дар болои деҳа сабаби харобӣ дар хонаҳои онҳо шуд. Ба қавли онҳо, агар мақомот аз пеш барои рафъи хатар чора меандешиданд, чунин балое ба сари мардум намеомад.

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода баръакс дар матлабе рӯзи 24-уми март дар сомонаи расмии худ гуфтанд, ки мардум ҳангоми сохтани хона ба бисёре аз қоидаҳо пешгирӣ аз омадани сел риоя намекунад.

Аз ҷумла, "ҳангоми сохтани хонаҳои истиқоматӣ дар рустоҳо ҳатман барои муқобила бо сел чораандешӣ бояд шавад. Ин баландтар бардоштани девори бетонии таҳхонаҳост, баландтар кардани зербино аз бетон аст, то сел натавонад онро рахна кунад ва вориди ҳавлӣ шавад. Аксари хонаву ҳавлиҳои селзада бе назардошти тадбирҳои амниятӣ сохта шудаанд ва сел ҳам бидуни мамониат деворҳоро рахна карда, ба ҳавлӣ ва таҳхонаҳо даромадааст."

Тоҷикистон як кишвари осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ аст ва солона садҳо хона чунин осеб мебинанд ва даҳҳо нафар ҳам ҳалок мешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG