Дар шаҳри Леваканд (Сарбанди собиқ) манораи "Эйфел" месозанд. Мақомоти шаҳр бовар доранд, ки бо сохтани нусхае аз манораи маъруфи пойтахти Фаронса Леваканд шабеҳи Париж мешавад. 200 ҳазор сомонӣ (20 ҳазор доллар) харҷи онро соҳибкорон додаанд. Бархе аз сокинон пешниҳод доранд, ки ба ҷойи нусхаи манораи Эйфел дар Леваканд корхона бисозанд ваё ба маҳаллаҳо лӯлаи оби ошомиданӣ оранд.
Зарина Давлатзода, раиси шаҳри Леваканд, мегӯяд, "шаҳри Леваканд, Калининободи пешинро Парижи хурд мегӯянд. Мо ҳам кӯшиш дорем, шаҳрро ба Париж табдил диҳем."
Манораи Леваканд аз Эйфели Париж 270 метр пасттар, яъне 30 метр мешавад. Мақомот нақша доранд, сохтмони манораро то моҳи сентябри соли 2021 анҷом дода, рекорди Эйфелро, ки 130 сол пеш дар 2 сол сохтаанд, шикананд.
Файзулло Қурбонов, масъули идораи сохтмонии шаҳри Леваканд рӯзи 27-уми феврал гуфт: "Сохтмонаш имсол сол оғоз шуд, насиб бошад, то 30-солагии ҷашни истиқлол анҷом медиҳем".
Бо як манораи оҳанин монанд кардани Леваканд ба Париж сокинонро дар тааҷҷуб овардааст. Онҳо мегӯянд, бархе аз маҳаллаҳо аз оби ошомиданӣ ва набуди роҳ танқисӣ мекашанд. Бархеи дигар аз сокинон пешниҳод доранд, ки ба ҷойи Эйфел корхона ваё ягон бинои таърихии тоҷиконро бисозанд.
Амонуллоҳ, сокини Леваканд гуфт: "Фикр мекунам, як чизи таърихӣ созанд, беҳтар аст. Барои рушди сайёҳӣ ва бозгӯи таърихи мамлакати худ".
Моҳи сентябри соли гузашта шаҳри Кӯлоб ҳам соҳиби Эйфел шуд. Бунёди “Гӯшаи Париж” дар инҷо бо харҷи 4 миллион доллар вокунишҳои мухталифро ба миён овард.
Бархе барои зебоии шаҳр аз он ҷонибдорӣ карданд, қисми дигар харҷи зиёдатӣ номиданд, ки метавонистанд, бо ин маблағ ҷои кор офаранд.
Дар Тоҷикистон сохтани ҳар чизи мӯҳташам анъана аст. Парчам ва нишони миллӣ дар ду соли охир дар бисёре аз ноҳияҳо сохта шуд. Яке аз дигаре бо баландиву бузургӣ фарқ мекунанд. Ҳоло маълум нест, ки ҳар ноҳия Эйфели худро хоҳад дошт ё Леваканд охирин макони сохтмони он мешавад.