Пайвандони Нишона Умарова, хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи рақами 3-и шаҳри Норак, аз шеваи ҷустуҷӯи ӯ дар дарёи Вахш норозӣ ҳастанд.
Афроди номаълум сангҳои ёдгории 28 қабри оромгоҳи Хурсандии ноҳияи Бохтарро шикастанд
Шарофат Муродова имсол бо ёрии Оҷонсии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ дар 20 сотих замин дар ноҳияи Вахш қулфинайи амрикоӣ кишт ва ҳоло натиҷаашро хуб мегӯяд.
Баъди фармони вазири умури дохилӣ афсарони милиса дар вилояти Хатлон ба театр рафтанд.
Мақомот дар Хатлон аз таҳсили ба гуфтаи онҳо "ғайриқонунӣ"-и 130 ҷавони вилоят дар мадориси исломии кишварҳои хориҷӣ изҳори нигаронӣ карда ва мегӯянд, ки онҳо метавонанд барои суботи кишвар хатар эҷод кунанд.
Як сокини 70-солаи шаҳри Дарбанди вилояти Хатлон мегӯяд, ки аз хурдӣ ба китоб дилбастагӣ дошт ва ҳанӯз дар бораи сарчашмаҳои электронӣ иттилоъ надорад. Ҳамин аст, ки хонаи якҳуҷрагии ӯ пур аз китобу рӯзномаву маҷаллаҳост.
Баъд аз як моҳи таркиши маргбор дар рӯ ба рӯи Додситонии ҳарбии шаҳри Қӯрғонтеппа ва наздикии пойгоҳи 201-уми Русия, мақомот номи гумонбарони ҳодисаро ошкор карданд. Дар ин таркиш як нафар ҷон бохта буд.
Мақомоти вилояти Хатлон аз майли афзояндаи сокинони узбактабори минтақа барои аз худ кардани забони тоҷикӣ хабар доданд. Онҳо гуфтанд, ки дар чанд моҳи гузашта тақрибан 100 муаллими узбактабор дар ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус ва Носири Хусрав давраи кӯтоҳмуддати омӯзиши забони тоҷикиро гузашта, баъзе аз хонандагон низ худро дар мактабҳои тоҷикӣ сабт намудаанд.
Аз даҳҳо зан дар ноҳияҳои Вахшу Бохтари вилояти Хатлон хоста шудааст, ки рафтори фарзандонашон дар муҳоҷиратро зери назорат бигиранд.
Даҳҳо сокини вилояти Хатлон писарони худро бо баргузории маросими кулчагазон ба сафи артиш фиристоданд. Мақомоти Хатлон гуфтанд, ки ин ҷавонон ихтиёрӣ ба артиш мераванд, ҳарчанд ҳолатҳои сарпечӣ аз хидмат ҳанӯз ҳам ҳаст.
Шералӣ Мирзо – вазири дифои Тоҷикистон –ҳузури гурӯҳҳои мусаллаҳ, ба монанди Толибону “Давлати исломӣ” дар шимоли Афғонистонро хатаре ба амнияти кишвар донист.
Як хонавода аз вилояти Хатлон аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳад, чанд узви ноболиғи оиларо, ки дар Сурия дармондаанд, ба кишвар баргардонанд, чун мумкин аст, дар онҷо кушта шаванд.
Садҳо хонавода дар водии Вахши вилояти Хатлон иди Наврӯзро имсол ҳам бидуни ҳузури азизону наздиконашон ҷашн мегиранд, вале дар сари сурфаи наврӯзӣ ҳамаи онҳо дуои фарзандону азизонашонро мекунанд, ки дар мулки ғарибӣ дар осоишу амният бошанд.
Студияи филмсозии «Хатлон синамо» нахустнамоиши қиссаи мазҳакавии "Хаёлӣ"-ро баргузор кард, ки маҳсули кори дусолаи филмсозон аст.
Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини 26-солаи шаҳри Қӯрғонтеппаро аз рӯи моддаи 401-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (“зархаридӣ”) ба 10 соли зиндон маҳкум кард
Дар остонаи баҳор фасли кишту кор хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд деҳқон дар маҳаллаи Ғайрати Қӯрғонтеппа дар бораи мушкилоташон сӯҳбат кард. Деҳқонони инҷо ба парвариши кӯчат ниҳоли караму помидор ва дигар анвои зироат машғуланд. Доруи қимат, норасоии техника ва об чанд мушкили деҳқонони инҷост.
Бо як ташаббуси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар вилояти Хатлон маъракаи фарҳанги мубориза бо фасод ба роҳ монда шуд ва дар ҷараёни он муфаттишону масъулон дар робита бо хатари фасод дар ин соҳа сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд.
Созмонҳои иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, солҳои охир яке аз мушкилоти умдаи бонувони талоқдида дар вилоят – гирифтани кӯмакпулӣ ё алимент барои тарбияи фарзандонашон шудааст.
Мақомот дар Норак таъйид карданд, ки дар пайи як моҷаро, як сокини ин шаҳр аз тири камони шикорӣ ҷон дода ва як тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст. То ба ҳол сабабҳои рух додани ин ҳодиса маълум нест, аммо зоҳиран баҳс сари тақсими замин сурат гирифтааст.
Дар вилояти Хатлон мақомот ташаббуси наверо барои огаҳӣ ёфтан аз ҳузур ва шароити буду боши сокинон дар шаҳру манотиқи Русия роҳандозӣ кардаанд.
Ёфтҳои бештар