Барои насиҳати занони тоҷик аз тақдири Акбарҷон мисол оварданд. ВИДЕО
Аз даҳҳо зан дар ноҳияҳои Вахшу Бохтари вилояти Хатлон хоста шудааст, ки рафтори фарзандонашон дар муҳоҷиратро зери назорат бигиранд. Саидаҳмади Қаландар, коршиноси масоили динӣ, ки рӯзи 5 апрел дар ҷаласае занонро барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ даъват мекард, гуфт, нагузоранд, фарзандонашон мисли Акбарҷон Ҷалилови 22-сола, зодаи Қирғизистон ва муттаҳами таркиш дар метрои шаҳри Санкт-Петербург, боис ба марги худу дигарон шаванд. Мақомоти виляоти Хатлон мегӯянд, беш аз 200 сокини ин минтақа дар ҷанги Ховари Миёна қарор дошта, ноҳияҳои Вахшу Бохтар бо пайвастани 50 сокини худ ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” аз ҷониби мақомот осебпазир унвон шудаанд.