Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалби табибони тоҷик барои муолиҷаи дарди "ришвахорӣ" (САДО)


Бо як ташаббуси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар вилояти Хатлон маъракаи фарҳанги мубориза бо фасод ба роҳ монда шуд ва дар ҷараёни он муфаттишону масъулон дар робита бо хатари фасод дар ин соҳа сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд.

Бар асоси омори мақомот, кормандони соҳаи тандурустӣ дар баробари маориф аз қишри олудатарин ба фасод шинохта шудаанд ва боздошти намояндагони ин соҳа дар омори ҷиноятҳо бештар аз ҳама ба чашм мехӯрад.

Соли 2016 дар Тоҷикистон 103 ва дар вилояти Хатлон 17 ҳолати ришваситонии ходимони тиб ба қайд гирифта шудааст. Талабшо Латифзода, як масъули Оҷонсии мубориза бо фасоди моли дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадафи онҳо таълими фарҳанги худдорӣ аз фасод дар миёни ходимони тиб аст ва ӯ изҳори умедворӣ кард, ки сӯҳбатҳои онҳо натиҷаи мусбат хоҳад дод.

"Барои паст кардани шиддати ришваситонӣ вохӯриҳо гузаронидем, бо шуъбаҳои беморхонаҳои ноҳияҳо, ки ҳадаф пасткардани ришваситонӣ мебошад, бо аҳоли низ кор мекунем, бояд бо мардум кор кард" гуфт - Талабшо Латифзода

Ҷалби табибони тоҷик барои муолиҷаи дарди "ришвахорӣ"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00
Линки мустақим


Зоҳиран, далели шурӯи чунин маърака – ҳодисаҳои бо ришват боздошт шудани ходимони тиб аст. Сайдулло Малазода, сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон гуфт, ки ба хотири он ки баъзе ҳолатҳои номатлуб дар ниҳоди онҳо ошкор шудааст, сӯҳбатҳои ҷилавгирикунанда аз фасодро бо ходимони тиб онҳо низ муҳим арзёбӣ мекунанд. "Ҳадаф пешгирии ришваситонӣ дар миёни кормандони тиб аст. Таъкид кардем, ки ҷиддӣ кор кунанд, чун шароити мардум чандон хуб нест ва бояд эҳтиёт бошанд" -меафзояд ӯ.

Дар як пурсиши оҷонсии зидди фасод дар нимсолаи аввали соли 2016 аз беш аз 88 ҳазор пурсидашуда беш аз 30 дар садашон дар миёни идораҳои давлатии фасоздада, аз ҷумла кормандони соҳаи маориф ва тандурустиро номбар кардаанд.

Коршиносони соҳаи коррупсия дар Тоҷикистон ба хориҷ аз он мегӯянд, ба феҳрасти “фасодзадаҳо” шомил шудани табибон дар он аст, ки ин ду соҳа ба таври мустақим ва ҳамарӯза ба ҳаёти мардум рабт мегирад ва бархе масъулон бо сӯиистифода аз ин мавқеашон талош мекунанд илова ба маоши ҳармоҳаи давлат аз роҳҳои ғайриқонунӣ манфиат бардоранд.

Дар даромадгоҳ беморамон дар ҳолати ногувор қарор дошт, вале як ҳамшира талаб мекард, ки аввал пулро диҳед баъд беморро қабул мекунем.

Дар Стратегияи муқобила бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 гуфта шудааст, ки санҷишҳои молӣ дар давоми 5,5 сол дар соҳаи тандурустӣ ба маблағи 7,7 миллион сомонӣ зиёнро ба буҷаи давлат ошкор кардааст ва ин маблағҳо аз ҳисоби азхудкунии маблағҳо, ғорати пулҳо ва моликияти соҳа ва дигар ҷиноятҳо ошкор шудааст.

Таҳқиқот ва ҳам шаҳодати муштариён нишон медиҳад, ки дар бештари ҳолатҳо ҳодисаҳои ришвахорӣ дар соҳаи тиб ба ҳангоми ба касалхона овардани бемор, дар ҷараёни табобату амалиёти ҷарроҳӣ, дар зоишгоҳҳо ва баъди таваллуди кӯдак рух медиҳад.

Қурбоналӣ, як сокини водии Вахш мегӯяд, дар бисёр ҳолатҳо кормандони тиб аз бесавод ва ноогоҳ будани муштариён сӯиистифода мекунанд. "Хоҳарамро ба бемористон бурдам, ки мушкилаш дер таваллуд кардан буд. Дар даромадгоҳ беморамон дар ҳолати ногувор қарор дошт, вале як ҳамшира талаб мекард, ки аввал пулро диҳед баъд беморро қабул мекунем. Дар як ҳолати дигар ҳамсарамро барои таваллуди фарзанд ба зоишгоҳ бурдам. Пул талаб карданд. Вале чун ба қонун такя кардам ва гуфтам, ки дар кадом асос талаб мекунед? - хомӯш монданд" - мегӯяд Қурбоналӣ.

Соли 2016 дар вилояти Хатлон 17 ҳолати ришваситонӣ дар миёни кормандони тандурустӣ дар вилояти Хатлон ошкор шудааст. Коршиносони маҳаллӣ бар ин назаранд, ки дар баробари ҳушдор додани пизишкон бояд сатҳи огоҳии мардумро боло бурд, то ки ҳангоми талаби пул посухи қонунӣ дода тавонанд.

XS
SM
MD
LG