Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 300 арӯс аз бадмуомилагиву хушунати равонии хушдоманҳояшон дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба созмонҳои иҷтимоии вилояти Хатлон шикоят кардаанд.
Даҳҳо омӯзгори мактабҳои миёна, ки аз Рашту Бадахшон ва минтақаи Кӯлоб ба ҷамоати деҳоти "Заркамар" барои кору зиндагӣ омадаанд, дар хонаҳои мардум, мактаб ва масҷидҳо зиндагӣ мекунанд.
Додгоҳи вилояти Хатлон 9 сокини ин минтақаро барои ташвиқи ақидаҳои тундгароӣ мутаносибан аз 5 то 20 сол равонаи зиндон кард
Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон як пайрави “Шоҳидони Яҳво”-ро барои сарпечӣ аз пӯшидани либоси ҳарбӣ дар артиши Тоҷикистон ба ним соли зиндон маҳкум кард.
Тайи се соли ахир масъулони ду ноҳияи ҳамсоя -- Бохтару Вахш бар сари бунёди пуле, ки сокинони ҷамоати деҳоти "Киров"-ро бо ҷамоати "Бӯстонқалъа" мепайвандад ва аз онҷо сокинон ба шаҳри Қӯрғонтеппа ва дигар ноҳияҳо мераванд, ба тавофуқе намерасанд ва ҳеҷ яке аз тарафҳо таъмири ин пулро ба гардан намегирад.
Мақомоти ноҳияҳои Бохтар ва Вахши вилояти Хатлон бо далелҳои худ маъулиятро ба гардани ҳамдигар бор карда, як купрукро намехоҳанд таъмир кунанд. Сокинон аз ин номуайянӣ хаста шудаанд.
Ҳар субҳ сокинони Гирдоб бо 6 заврақ ба кор мераванд, тиҷорат мекунанд ва ҳангоми корҳои зарурӣ худро ба ҷойи ободтар мерасонанд. Ин заврақҳоро сокинони деҳа харидаанд.
Дар Норак як рустое ҳаст, ки ҷазираро мемонад. Сокинонаш ҳар рӯз бо қаиқ аз онҷо ба маркази шаҳр меоянд, ё аз инҷо ба хона мераванд. Муроҷиати онҳо барои сохтани роҳ солҳост бенатиҷа мондааст.
Табибони бемористони шаҳри Қӯрғонтеппа ҷони ду ҷавони сокини ноҳияи Бохтарро, ки мехостанд худкушӣ кунанд, наҷот доданд.
Сарварбӣ Ҷабборова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ва молики як ошхонаи хурд дар маркази вилояти Хатлон, дафтари қарзи муштариёнашро рӯзе чанд дафъа боз мекунад. Ё касе қарзашро мепардозад, ё дубора нася мегирад.
Тибқи иттилои идораи омори Хатлон то 1-уми октябри имсол муассисаву корхонаҳои вилоят тақрибан 6 сомонӣ аз музди меҳнат қарздоранд.
Аз Дафтари матбуоти вазорати умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса соати 2:40 шаби 4 ба 5 октябр дар деҳаи Гулзори ҷамоати деҳоти "Сарвати истиқлол"-и ноҳияи Бохтар, рух додааст.
Як мӯйсафеди 71-сола аз ноҳияи Бохтар бо корд ҳамсар ва духтарашро захмӣ намуда, баъдан даст ба худкушӣ задааст. Аз Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ҳодиса соати 2:40 шаби 4 ба 5 октябр рух додааст.
Бадрафторӣ бо сарбозон дар қисмҳои низомӣ ва гоҳо марги онҳо, ҷавононро аз хизмати ҳарбӣ метарсонад.
Ҳосили имсолаи пахта дар вилояти Хатлон аз таъсири борону барф метавонад, талаф ёбад. Барои пешгирӣ аз он мақомоти вилоят ҳашар эълон кардааст.
Даҳҳо сокини вилояти Хатлон, бахусус кормандони идораҳои давлатӣ, рӯзи 30-юми сентябр барои пахтачинӣ ба заминҳои пунбадона рафтанд. Дар миёни онҳо Давлатшоҳ Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон низ буд. Ҳамкори мо Орзуи Карим ин лаҳзаҳоро акс гирифт.
Ҷасади сарбозеро, ки панҷ моҳ пеш дар як маросими кӯлчагазон бо рақсу шодӣ ва ихтиёрӣ аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба хидмати артиш рафта буд, рӯзи 25-уми сентябр ба хок супурдаанд.
Гурӯҳи рақсии “Алан” дар чаҳорчӯби рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон ба вилояти Хатлон сафар кард. Ҳайати меҳмонҳои Русияро дар маркази шаҳр Алёна, хонандаи русзабон, ки либоси зебои тоҷикӣ ба бар карда буд, бо нону намак истиқбол гирифт.
Шумори сокинони русзабони шаҳри Қӯрғонтеппа, ки рӯзи 25 сентябр ба тамошои рақсҳои ҳунармандони ансамбли рақсии "Алан"-и Русия омаданд, ба шумори ангуштони ду даст баробар буд.
Хабарнигорони телевизиони Хатлон мегӯянд, раиси Шаҳритус онҳоро иҷозат надодааст роҷеъ ба имкониятҳои туристии ин макон барнома таҳия кунанд. Мақомоти ноҳия мегӯянд, ҳамкории онҳо бо журналистон хуб ба роҳ монда шудааст.
Ёфтҳои бештар