Шумори сокинони русзабони шаҳри Қӯрғонтеппа, ки рӯзи 25-уми сентябр ба тамошои рақсҳои ҳунармандони ансамбли рақсии "Алан"-и Русия омаданд, ба шумори ангуштони ду даст баробар буд. Гурӯҳи рақсии “Алан” дар чаҳорчӯби рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон ба вилояти Хатлон сафар кард. Ҳайати меҳмонҳои Русияро дар маркази шаҳр Алёна, хонандаи русзабон, ки либоси зебои тоҷикӣ ба бар карда буд, бо нону намак истиқбол гирифт.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Алёна мегӯяд, дар Қӯрғонтеппа русҳо бисёр кам мондаанд ва хушҳоланд, ки робитаҳои Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои фарҳангӣ густариш меёбанд.
Меҳмонони ангуштшумори русзабон
Дар чаҳорчӯби Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон, ки дар шаҳри Қурғонтеппа баргузор шуд, дар қатори аввали толори Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов тақрибан 10 русзабонон нишаста буд.
Дар кишварамон ҳамаи шароитҳо барои ҳифзи фарҳангу забони русзабонҳо фароҳам оварда шудааст.
Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон дар оғози чорабинӣ гуфт, дар равобити Тоҷикистону Русия муносиботи фарҳангӣ нақши муҳиме доранд: "Дар кишварамон ҳамаи шароитҳо барои ҳифзи фарҳангу забони русзабонҳо фароҳам оварда шудааст. Дар қонунҳо ҳуқуқи онҳо кафолат дода шудааст. Фарҳанг ва забони аққалиятҳо, хусусан русҳо ҳифз шудааст".
Ба гуфтаи Махфират Хидирзода, дар Хатлон ҷамъияти русзабонҳо барои ҳифзи забону фарҳанги русҳо саҳми назаррас дорад. Руслан Тедевр, раҳбари ансамбли давлатии академии рақсии "Алан"-и Русия, ки дар ин маросим ҷомаи зардӯзӣ ва тоқии тоҷикӣ ҳадя гирифт, мегӯяд, меҳмоннавозии сокинони Тоҷикистон ӯро ҳайратзада кардааст:
"Истиқболи хуб буд. Рақсҳои ҷанубии Русия, осетиниро ба намоиш гузоштем, ки фикр мекунам хуб пазируфтанд. Ростӣ мехоҳем, барои чанд рӯзи дигар инҷо бимонем, чун меҳмонавозии бисёр хуб буд. Мисле, ки президентро пешвоз мегиранд".
Русзабонҳо, ки як замон баъди узбакҳо аз аққалиятҳои бузурги вилояти Хатлон ба шумор меомаданд, авоили солҳои 1990 ба Русия кӯч бастанд ва ҳоло бар асоси омори расмӣ дар Хатлон бештар аз 3 ҳазор рус зиндагӣ мекунад. Дар замони шӯравӣ 17 дар сади аҳолии вилоятро русҳо ташкил медоданд.
Ҳузури низомӣ дар Тоҷикистон
Русия дар ин минтақа, ки бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад, як бахши бузургтарин пойгоҳи низомии худро ҷойгир кардааст ва онро кафолати амнияти кишварҳои Осиёи Миёна, махсусан Тоҷикистон мешуморад.
Аммо аксаран дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ин нерӯ қабл аз ҳама абзори ҳимояти манфиатҳои геополитикии Русия аст. Айни замон тақрибан 7 ҳазор сарбози рус хидмат мекунанд. Дар чорабинии фарҳангии русҳо дар шаҳри Қурғонтеппа низомиёни рус ширкат надоштанд.
Таҳлилгарон мегӯянд, баргузории рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон, муҳим аст, зеро тарғиботи фарҳангиён метавонад, бархӯрди номуносиби пулис бо муҳоҷиронро кам кунад.
Ҳудуди 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд. Танҳо дар 9 моҳи имсол аз вилояти Хатлон ба Русия беш аз 137 ҳазор нафар ба муҳоҷират рафтаанд ва 16 ҳазор нафари онҳо занон буданд.
Дар як соли ахир аз Русия ба вилояти Хатлон 271 тобути муҳоҷиронро овардаанд, ки бархе аз беморӣ фавтиданд, бархе дар садамаҳои сохтмонӣ ҷон бохтанд ва бархе ҳам кушта шуданд.