Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналистони ТВ Хатлон натавонистанд дар Шаҳритус барнома таҳия кунанд


Хабарнигорони телевизиони вилоятии Хатлон аз раиси ноҳияи Шаҳритус шикоят карданд, ки онҳоро иҷозат надодааст роҷеъ ба ноҳияву имкониятҳои туристии ин макон барнома таҳия кунанд. Дар ҳоле, ки маъмурияти Хатлон аз эҳтиром ва ҳамкории доимӣ ба журналистон сӯҳбат мекунанд, бахши вилоятии Анҷумани расонаҳои мустақил дар вилоят рафтори раиси ноҳия Рамазон Оймаҳмадзодаро хилоф бо қонуни матбуот арзёбӣ кардааст.

Журналистони телевизиони вилоятӣ Раҳмоналӣ Додархӯҷаев ва

Дар ноҳияи Шаҳритус ва Қубодиёну Носири Хусрав мавҷи телевизиони вилоят намегирад, аслан тамошо карда наметавонем. Вале аз муносибати раиси ноҳия намедонам.

Искандар Давлатов мегӯянд, рӯзи 6 сентябр бо ҳадафи гирифтани иҷозати наворбардорӣ аз маконҳои таърихии ноҳияи Шаҳритус ба қабулгоҳи раиси ноҳия рафтанд. Ин ҳайат иборат аз хабарнигорони Раёсати телевизион ва радиои вилояти Халон будааст. Дар паи сӯҳбат Рамазон Оимаҳмадзода, раиси ноҳия, ба гуфтаи онҳо, барои сабти барномаи туристӣ аз ҷойҳои таърихӣ иҷоза надодааст ва гуфтааст, ки хабарнигорони вилоят аз ноҳияи ӯ навор нагиранд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев мегӯяд, ки раиси ноҳия гуфтааст, ки хабарнигорони Раёсати телевизион ва радиои вилоят аз ноҳияи онҳо барнома сабт накунад: "Ба раиси ноҳия матуби расмии корхонаро додем, вале рад кард ва гуфт, ки хабарнигорони раёсати телевизион ва радиои вилоят ба ноҳия наояд».

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

"Бо хабарнигорон зиёд ҳамкорӣ мекунем"

Раиси ноҳия гуфтааст, ки мехоҳад бо хабарнигорони шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад, чунки барномаҳои онҳоро дар тамоми ҷумҳурӣ мебинанд. Додархӯҷаев гуфт, ҳадафи онҳо таҳияи барномаи "Сайри Хатлон" ва зиёрати "Хоҷа Машҳад" ва "Хоҷа Дурбод" буд.

Рамазон Оймаҳмадзода, раиси ноҳияи Шаҳритус аз шарҳи ин қазия худдорӣ кард, вале рӯй додани чунин як ҳодисаро на рад кард, на тасдиқ. Вай ба Радиои Озодӣ танҳо гуфт, ки телефонӣ суҳбат намекунад. Нурмаҳмад Очилдиев, роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Шаҳритус дар паи ин сӯҳбат гуфт, ки ӯ аз қазияи муносибати раиси ноҳия бо хабарнигорон огоҳ нест ва намедонад, ки чӣ мушкиле пеш омадааст. Вале ба муносибати бади раис нисбати журналистон бовар намекунад.

Рамазон Оймаҳмадзода
Рамазон Оймаҳмадзода

Нурмаҳмад Очилдиев гуфт, ки онҳо дар як рӯз ду-се хабарнигорро пешвоз мегиранд. Вай гуфт, мавҷи телевизиони вилояти Хатлон дар ноҳия қобили дидан нест, вале хабарнигорон бо онҳо ҳамкории хубе доштаанд:

"Дар ноҳияи Шаҳритус ва Қубодиёну Носири Хусрав мавҷи телевизиони вилоят намегирад, аслан тамошо карда наметавонем. Вале аз муносибати раиси ноҳия намедонам. Хабарнигорон зиёд меояду гузориш мекунанд, бениҳоят зиёд меояд - аз соҳаи кишоварзӣ ва замистонгузаронию соҳаи тандурустӣ гузориш мекунанд".

Кори раис хилоф бо қонуни матбуот буд

Аз рӯи муқаррароти ҷоришуда дар навоҳии кишвар, гурӯҳҳои хабарнигорон, аз ҷумла телевизиону радиои вилоятӣ, барои наворбардорӣ дар ноҳияҳо бояд иҷозати раис ваё маъмурияти ин минтақаро дошта бошанд. Ин муқарраротро фаъолони озодии баён монеагузорӣ дар кори озоди журналистон меноманд.

Намояндагони Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва иттифоқи касабаи кормандони ВАО дар Хатлон мегӯянд, ки маъмултарин мушкилоти журналистон дар минтақаҳо - дастрасӣ ба иттиллот аст. Вале, ба гуфтаи Раҳмоналӣ Давлатов, ҳуқуқшиноси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар Хатлон, ин бори аввал аст, ки журналистон аз раиси ноҳия шикоят мекунанд.

Раҳмоналӣ Давлатов
Раҳмоналӣ Давлатов

Давлатов гуфт, Рамазон Оймаҳмадзода қонуни Тоҷикистонро дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори оммаро вайрон кардааст: "Дар моддаи 23-и Қонун "Дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма" ба хабарнигорон ваколат додааст, ки иттило гиранд ва пахш кунад, вале раиси ноҳия ин қонунро дағалона вайрон кардааст. Дар ин сурат, ки монеи кори хабарнигорон мешаванд, хабарнигорон бояд ба мақомоти болоӣ шикоят баранд. Дар чанд соли охир бори аваал шоҳид шудем, ки раиси ноҳия қонуншиканӣ кардааст».

Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон соли 1993 дар заминаи радиои вилоятӣ таъсис ёфтааст ва 25 августи соли 1994 бори аввал ин телевизион барнома пахш кардааст. Он замон барномаҳои ин телевизион тариқи телевизиони шабакаи аввал он замон "ТВТ" дар ҳудуди вилоят барнома пахш мекард.

Вале дар ин охирҳо телевизион ҳудуди 10 соат барнома пахш мекунад, аммо на дар ҳама шаҳру навоҳии вилояти Хатлон мавҷи ин телевизион қобили дидан аст. Хусусан дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ ва ноҳияҳои ҳаммарз бо Ӯзбакистону Афғонистон . Ноҳияи Шаҳритус аз ин қабил манотиқ ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG