Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Либоси ҳарбӣ намепӯшам"-и як пайрави Шоҳидони Яҳво бо ним соли зиндон тамом шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон як пайрави “Шоҳидони Яҳво”-ро барои сарпечӣ аз пӯшидани либоси ҳарбӣ дар артиши Тоҷикистон ба ним соли зиндон маҳкум кард. Даниил Исломови 18-сола моҳи апрели имсол аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба хидмат дар як қисми Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ дар ноҳияи Бохтар ҷалб шуд, вале дар артиш гуфтааст, мазҳаби онҳо иҷоза намедиҳад, либоси низомӣ ба бар кунад. Ӯ пешниҳод кардааст, ки дар ивази ду соли хидмат дар артиш барояш кори ғайринизомӣ бидиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2007 фаъолияти созмони Шоҳидони Яҳворо барои таблиғи худдорӣ аз хидмати ҳарбӣ мамнӯъ карда буданд
Мақомоти Тоҷикистон соли 2007 фаъолияти созмони Шоҳидони Яҳворо барои таблиғи худдорӣ аз хидмати ҳарбӣ мамнӯъ карда буданд

Мақомоти Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон рӯзи 19-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин дархости Даниил Исломов рад шуд ва ӯ ба ҷурми сарпечӣ аз иҷрои вазифаҳои низомӣ маҳкум гардид. Ҳоло ӯ дар зиндони низомаш сангини шаҳри Қӯрғонтеппа нигаҳдорӣ мешавад. Қаблан Алишер Рафиқзода, додраси додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҷавон боздошт нашуда, дар қисми ҳарбӣ буд. Зоҳиран Даниил баъд аз эълони ҳукм дар толори додгоҳ боздошт ва ба зиндон фиристода шудааст.

Ҳукми Исломов ҳафтаи гузашта содир шуда, наздикони Даниил гуфтанд, то ҳадди тавон барои бознигарии ҳукм талош хоҳанд кард. Аммо аз суҳбати бештар худдорӣ намуданд. Вакили дифои Даниил гуфт, ки нафари таҳти ҳимояташ аз ҳукм розӣ нест ва онҳо ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Ӯ аз қавли нафари таҳти ҳимояташ гуфт, "Данил пеш аз шурӯи хидмат расман ариза навиштааст, ки тибқи мазҳаби онҳо пӯшидани либоси низомӣ манъ аст. Аммо ин аризаро ба эътибор нагирифтаанд."

Як нафари огоҳ аз мазҳаби “Шоҳидони Яҳво” гуфт, бино ба бовари онҳо, набояд силоҳ бигиранду ҷанг омӯзанд ва либоси ҳарбӣ пӯшанд. Ӯ гуфт, дар понздаҳ соли ахир бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон як пайрави мазҳаби “Шоҳидони Яҳво” бо ҷурми сарпечӣ аз пӯшидани либоси низомӣ равонаи зиндон мегардад. “Пайравони ин мазҳаб ба ин фикранд, ки хидмати сарбозӣ бояд бо корҳои ҷамъиятӣ дар хонаи пиронсолону маъюбон пушти сар шавад”, - афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон хидмати ҳарбӣ барои ҷавонони аз 18 то 27-сола ҳатмӣ аст ва ба ҳеҷ гурӯҳи мазҳабӣ имтиёз дода намешавад. Танҳо ба афроди маъюб, писари ягона дар хонавода ва омӯзгорони деҳот муваққатан барои ҷалб нашудан ба артиш қонунгузорӣ имтиёз додааст.

Дилрабо Самадова, раиси созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, гуфт, ки дар тарҳи нави хидмати ҳарбӣ гуфта шудааст, ки шаҳрванд метавонад бо пардохти маблағи муайян аз хидмати сарбозӣ озод шавад. Ҳамчунин, ин тарҳ хидмати ҳарбиро аз ду то якуним сол дар назар дорад. Вале ин тарҳ ҳанӯз ниҳоӣ ва тасвиб нашудааст.

Баҳси пайрави созмони "Шоҳидони Яҳво" дар ҳолест, ки фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст. Ин созмон соли 1997 дар Тоҷикистон фаъолияташро қонунӣ карда, аз равияҳои фаъоли масеҳӣ шинохта шуд. Фаъолияти ин созмони динии насронӣ соли 2007 бо як қарори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки он вақт идораи умури дин дар итоаташ буд, мамнӯъ эълон шуд ва сипас аз тарафи додгоҳ тасдиқ шуд.

Он вақт мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар фаъолияти созмони “Шоҳидони Яҳво” чанд мавриди нақзи қонунҳои кишварро ошкор кардаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи мақомот, масъулини ин созмони мазҳабӣ ба даъвати ҷавонон барои сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ дар сафи Артиши Тоҷикистон айбдор шуданд.

XS
SM
MD
LG