Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтам, барои духтарон ҳам ҳаққе бидеҳ, қасди куштанам кард". ВИДЕО


Шакармоҳ Бадиева
Шакармоҳ Бадиева

Як пирамарди 71-сола аз ноҳияи Бохтар бо корд ҳамсар ва духтарашро захмӣ намуда, баъдан даст ба худкушӣ задааст. Аз Дафтари матбуоти вазорати умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса соати 2:40 шаби 4 ба 5 октябр дар деҳаи Гулзори ҷамоати деҳоти "Сарвати истиқлол"-и ноҳияи Бохтар, рух додааст.

Манбаъ аз вазорати умури дохилӣ дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки Абдураҳмон Бадиеви 71-сола бо корд 5-маротиба ба бадани ҳамсари 45-солааш Шакармоҳ Бадиева ва 4 маротиба ба бадани духтари 16-солааш Ҳадиса Бадиева зарба задааст. Аз ин ҳодиса ҳамсар ва духтари ин мард ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Аммо ба гуфтаи манбаъ, "худи мӯйсафед дар дарахти замини наздиҳавлигиаш худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.”

То ба ҳол ангезаҳои дақиқи ин моҷаро маълум нест. Аммо тафтишоти пешакӣ маълум кардааст, ки сабаби ҳодисаи даст ба худкушӣ задани мӯйсафед, дар муноқишаи ӯ бо ҳамсараш мебошад.

Ба иттилои масъулини Бемористони вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Қӯрғонтеппа, ҷасади Абдураҳмон Бадиев пас аз ташхис дар ин бемористон, ба наздиконаш супурда шуд. Ӯро рӯзи гузашта ба хок супурданд.

Масъулони ин бемористон гуфтанд, ки вазъи Шакармоҳ Бадиева рӯзи гузашта бинобар хунрезии зиёд вахим шуда буд ва айни ҳол ҳолаш беҳтар аст. Табибон вазъи Ҳадиса Бадиева, духтари ин занро мӯътадил арзёбӣ карданд. Ҳар ду дар бахши назорати махсус зери назорати табибон қарор доранд.

Пирамарди 71-сола зану духтарашро захмӣ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:11 0:00

Шакармоҳ Бадиева, ҳамсари ин мард рӯзи 6-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳосили зиндагии заношӯии ӯ бо Абдураҳмон Бадиев се духтар мебошад ва ӯ ҳамеша аз шавҳараш талаб дошт, ки барои духтаронаш аз гӯшаи хона, ҳиссае бидиҳад. Ба гуфтаи ин зан, аммо писарони шавҳараш, ки дар Русия қарор доранд, ба ин розӣ набуданд ва борҳо ӯро таҳдиди куштан карданд. Абдураҳмон Бадиев аз ҳамсари аввали худ ду писар ва се духтар доштааст.

Дар ҳамин ҳол, як масъули шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Бохтар ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтишоти аввалия маълум кардааст, ки Абдураҳмон Бадиев бо ҳамсараш зиёд муноқиша мекард ва қасд доштааст ҳамсарашро ба қатл расонад. Вале сабабҳои зарба задан ба духтараш, феълан барои тафтишот номаълум аст.

Ҳодисаи қатл ва талоши куштори ҳамсарон аз сӯи шавҳарон дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳодисаи нав нест ва дар як ҳафтаи ахир ҳолати дуюме аст, ки мардҳо талоши куштори ҳамсаронашонро мекунад. Чанд рӯз қабл як сокини шаҳри Истаравшан ҳамсари собиқашро дар назди даҳҳо нафар ба қатл расонд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ҳодисаи куштор дар шаҳри Истаравшан дар заминаи рашк ва бадбинӣ рух додааст.

XS
SM
MD
LG