Раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим гуфт, ба манзури бунёди шаҳраки нав ва кӯчондани хонаводаҳои зарардида аз ҷойҳои хавфнок ба макони безарар дар маҳалли Сурхсанов, воқеъ дар наздикии маркази ноҳия, 30 гектар замин ҷудо гардидааст. Раиси вилоят изҳор дошт, ки дар марҳилаи аввал барои 134 хонавода дар ҷойи нав манзил бунёд гардида, интизор меравад, то зимистони оянда 200 хонавода дар шаҳраки нав бурёкӯбон кунанд. Гуфта шуд, ба хонаводаҳои манзилҳояшон аз зилзила пурра харобгашта масолеҳи сохтмонӣ кӯмак мешавад ва 10 манзили истиқоматиро барои хонаводаҳои камбизоат мақомоти маҳаллӣ бо ҷалби маблағҳои бӯҷавӣ ва ғайрибуҷавӣ месозад.
Раиси Бадахшон афзуд, тарҳи шаҳрак аз ҷониби Оҷонсии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҷумҳурӣ омода шуда, идораҳои зидахл барои ҳалли мушкилоти таъмин намудани шаҳраки оянда бо оби ошомиданӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар атрофи он муваззаф шуданд. Ба гуфтаи мақоми аввали вилоят, дар баробари сохтмони манзил бо ибтикори мудирияти сохтмонии назди президенти кишвар дар шаҳрак бунёди иншоотҳои аҳамияти иҷтимоӣ, ба мисли мактаб ва маркази саломатӣ шурӯъ мегардад.
Ба иттилои сардори шӯъбаи ҳифзи аҳолии ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон Давлат Саидмиров, бар асари зилзилаи 2-юми январи соли равон дар ноҳия зиёда аз як ҳазору сесад манзили истиқоматӣ пурра ва ё қисман зарар диданд. Сардори шӯъба гуфт, ба фикри мутахассисон, сокинони манозилашон дар ҷойҳои хавфнок сохташуда низ барои кӯчондан ба ҷойҳои бехавф эҳтиёҷ доранд.
Ба иттилои намояндагони мақомоти маҳаллии ноҳияи Ванҷ, бархе аз сокинони манозилашон зарардида аз зилзила ҳанӯз ҷиҳати дилбастагӣ ба макони аҷдодӣ барои гирифтани ҷой дар шаҳраки оянда омода нестанд. Барои сохтмони манзил дар шаҳрак барои ҳар як хонавода 0,11 ҳисса замин ҷудо мешавад.
Ба гуфтаи сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Ванҷ Юсуфҷон Исҳоқов, ба дунболи заминларзаи шадиди 2-юми январ дар маҳал зиёда аз 90 маротиба такони замин эҳсос шудааст. Ба гуфтаи сардори ситод, аммо асбоби зилзиласанҷӣ, ки аз ҷониби мутахассисон дар ноҳия насб гардидааст, қодир аст, ки танҳо зилзилаи шиддаташ баробар бо чаҳор балл ва аз он болоро ба қайд гирад.