Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирон нома менависанд


Наздик ба сад тоҷири бозори марказии Хоруғ тайи як нома ба мақомоти шаҳрдорӣ арз карданд, ки дар сурати иҷборан кӯч доданашон ба бозори нав онҳо гуруснанишинӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи тоҷирон, иқдоми мақомот дар мавриди кӯчонданашон ба бозори нав дар шароити мавҷуд набудани бозори иҷтимоӣ дар маркази вилоят ба муфлисшавии тоҷирон сабаб хоҳад шуд. Рустами Содиқиён, намояндаи тоҷирони бозор, гуфт, бинобар адами бозори иҷтимоӣ дар маркази вилоят мардум наметавонанд маҳсулоти кишоварзиашонро дар шароити мусоид ва бо нархи арзон ба фурӯш гузоранд. Вай афзуд, дар кулли шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бозорҳои иҷтимоӣ вуҷуд доранд, ки дар он афроди камбизоати ҷомеа бо нархи иҷораи пасттарин молашонро ба савдо мегузоранд, аммо мақомот дар маркази вилояти Бадахшон ба ҷойи таъсиси чунин бозор баръакс мехоҳад тоҷиронро ба бозори нав, ки дар он ҷо нархи иҷора гарон мебошад, барад.

Ба гуфтаи тоҷир Маҳина Алимамадова, ҳодисаҳои шикастану тахриби растаҳои савдои тоҷирони бозор аз тарафи кормандони мақомоти дохила идома дошта, мақомот мехоҳад онҳоро бо роҳи фишор ба ҷойи нав кӯчонад. Вай гуфт, аммо бештари тоҷирон аз тарси муфлис шудан ва қарздорӣ дар назди бонкҳо ба ҷойи нав рафтан намехоҳанд ва тасмим гирифтанд, ки дар сурати кор гирифтан аз зурӣ аз ҷониби мақомот ба муддати ду рӯз гуруснанишинӣ кунанд.

Тирамоҳи соли гузашта бозори нави Хоруғ мавриди истифода қарор гирифта, мақомот эълом дошт, ки дар бозори нав молу коло ва дар бозори марказӣ маводи ғизо ва меваву сабзавот ба фурӯш гузошта мешаванд. Аммо, ба низом дароварда натавонистани наҳваи тиҷорат дар бозорҳо ахиран ба мухолифати ду бозор анҷом шуд.

Чанде қабл гурӯҳи тоҷирони бозори нав бо баргузории эътироз дар назди шаҳрдорӣ гуфтанд, агар тоҷирони бозори кӯҳна ба бозори нав кӯчонда нашаванд, онҳо бе харидор мемонанд ва муфлис хоҳанд шуд. Намояндагони мақомоти шаҳрдорӣ изҳор доштанд, ки навсозии бозори марказӣ шурӯъ шуда, бозоршинони гирду атрофи он ба бозори нав кӯчонда мешаванд. Аммо тоҷирон мегӯянд, аз ваъдаи мақомот чанд моҳ сипарӣ шуда, тайи ин муддат мумкин буд, ки бозор навсозӣ ва бозоршинони гирду атрофии бино дар дохили он ҷо дода мешуданд.
XS
SM
MD
LG