Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои идомадори бозору шаҳрдорӣ


Гурӯҳи соҳибкорони бозори Хоруғ мегӯянд, аз иқдоми масъулини шаҳрдорӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки субҳи барвақт ба манзури тахриби растаҳои савдояшон ба бозор ҳозир шуданд, ҷилавгирӣ кардаанд.

Яке аз ин соҳибкорон Хуршедмо Меробшоева гуфт, онҳо аз ҳадафи мақомот хабар ёфта, зиёда аз 35 зан ва теъдоде аз мардон пеши роҳи намояндагони мақомотро гирифта, нагузоштанд, ки нуқтаҳои фурӯшашон шикаста шаванд. Вай гуфт, дар шароити фаъолият накардани корхонаҳои тавлидотӣ ва афзоиши мизони бекорӣ ва маоши кам бозор барои бисёре аз мардум воситаи ягонаи рӯзгордорӣ аст ва соҳибкорон то охир аз ҷойи кориашон, ки бо нерӯи худ, ба истилоҳ дар «кӯча» таъсис додаанд, дифоъ хоҳанд кард ва барои ин навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карданд.

Муовини аввали раиси шаҳр Абдулло Худобердиев баён дошт, ки онҳо ба манзури огоҳ намудани бозоршинон, ки бояд худихтиёрона ба бозори нав кӯчонида шаванд, субҳи барвақт ба бозор омаданд. Вай изҳор дошт, ки аммо нуқтаҳои фурӯши зиёди симину оҳанин, ки дар гирдогирди бозор ғайриқонунӣ сохта шудаанд, бояд бардошта шаванд ва мақомот дур ё зуд ин корро анҷом хоҳад дод.

Ба гуфтаи соҳибкор Рустами Содиқиён, мақомоти шаҳрдорӣ ва вилоятӣ қаблан гуфтанд, ки онҳо дар муддати кӯтоҳтарин бозори марказии шаҳрро навсозӣ ва бозоршинони зери осмони кабуд ва ҳавои сардро ба дохили бинои он мекӯчонанд. Вай гуфт, аммо мақомот ба ваъдаи худ вафо накарда, нисбат ба бозоршинон усули фишорро пеш гирифтааст ва бо ҳар роҳ мехоҳад, ки онҳоро танг кунад. Вай афзуд, аммо агар қаблан намояндагони мақомот мегуфтанд, ки дар бозори нав коло, масолеҳи сохтмони ва майда -чуйда ба фурӯш гузошта шуда, бозори мавҷуд барои дастрасии осонтари шаҳрвандон ба он барои фурӯши маводи ғизо махсус гардонда мешавад, ҳоло ҳамаи соҳибкорони растаҳоро ба бозори нав ронданианд.

Муовини аввали раиси шаҳр изҳор дошт, ки бинобар камбуди маблағгузорӣ алҳол навсозии бозор ба таъхир афтодааст, аммо дар дохили бино корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, то Рӯзи Ваҳдат бозор нав мешавад.

Моҷарои байни шаҳрдорӣ ва бозоршинони Хоруғ зиёда аз 8 моҳ боз идома дорад. Қаблан, дар чунин як ҳодисаи дигар кормандони дохила ба манзури бартараф намудани нуқтаҳои савдои аз оҳану чӯб сохтаи соҳибкорон бо болға ва путкҳои оҳанин субҳи барвақт ба бозор омаданд, аммо он вақт низ соҳибкорони манзилҳояшон ба бозор наздик аз ҳодиса хабар ёфта, ба бозор давиданд ва ба ин кор монеъ шуданд.
XS
SM
MD
LG