Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: Дар бораи "Шалола" аз Туркия дархосте нарасидааст


Даромадгоҳи яке аз мактабҳои туркӣ дар шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ.
Даромадгоҳи яке аз мактабҳои туркӣ дар шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар робита ба қатъ кардани фаъолияти литсейҳои туркӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷониби Туркия ҳеҷ дархосте дарёфт накардаанд. Фаъолияти литсейҳои туркӣ бо бастани як шартнома миёни ширкати “Шалола” ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1993 шурӯъ шуда буд.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 27-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар робита ба сарнавишти литсейҳои туркӣ дар кишвар гуфт, ки фаъолияти ин муассисаҳои таълимӣ қатъ нашуда ва онҳо ба шакли дигари фаъолият гузаштаанд.

Ҷаноби Шоҳмурод афзуд, ки дар пасманзари ҳодисаҳои ахири Туркия, ки Анқара гурӯҳи Фатҳулло Гуленро гунаҳкор медонад, ҳукумати он кишвар дар мавриди баста шудани литсейҳои туркии марбут ба созмони “Шалола”-и ҷаноби Гюлен ба ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ, дархосте ироа накардааст.

Вазири адлияи Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки ин мактабҳои туркӣ аз як сол ба ин тараф ба шакли дигари фаъолият гузаштаанд ва дар ихтиёри Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қарор доранд. Ба гуфтаи вазир, муаллимҳои туркии ин мактабҳо дар Тоҷикистон мондаанд ва дар ин муассисаҳои таълимӣ дарс медиҳанд.

Зимнан, Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 20 майи соли ҷорӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар тобистони соли гузашта бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон литсейҳои муштараки тоҷикиву туркии марбут ба созмони “Шалола” тағйири сохтор кардаанд: “Бо созмони “Шалола” ба мувофиқа расидем, ки литсейҳои тоҷикию туркӣ ба мактаби “Бачаҳои лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон” табдил ёфта, давлатӣ мешаванд. Аммо худмаблағгузор боқӣ мемонанд.”

Мақомоти Вазорати маориф ва илм мегӯянд, ки талош хоҳанд кард, то сатҳи таълим дар ин муассисаҳоро дар шакли пешинаашон нигоҳ доранд ва агар зарур ояд, аз хориҷа омӯзгорони ҳирфаиро барои кор даъват хоҳанд кард.

Изҳори назари мақомоти Тоҷикистон дар мавриди мактабҳои туркӣ дар ҳолест, ки ҳукумати Туркия аз бархе аз кишварҳо хостааст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии вобаста ба Фатҳуллоҳ Гуленро мутаваққиф намояд. Аз ҷумла, вазири умури хориҷии Туркия аз ҳамсоякишвари Тоҷикистон -- Қирғизистон тақозо кардааст, ки алайҳи тарафдорони Фатҳуллоҳ Гюлен, аз мухолифони Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия иқдом кунад.

Аммо вазорати умури хориҷии Қирғизистон дар як посухи расмӣ ба ин дархости ҷониби Туркия посухи расмӣ дод ва гуфтааст, ки онҳо нигарониҳои мақомоти расмии Туркияро дарк мекунанд, аммо, Қирғизистон қабл аз ҳама як кишвари соҳибихтиёр аст ва метавонад тасмим гирад, ки барояш чӣ хуб мебошад ва чӣ бад.

Фаъолияти литсейҳои туркӣ бо бастани як шартнома миёни ширкати “Шалола”ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1993 шурӯъ шуд. Баъдан соли 2003 мӯҳлати шартномаи мазкур то 10 соли дигар, яъне то соли 2013, тамдид карда шуд.

Ширкати “Шалола” дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Кӯлоб ва Хуҷанди Тоҷикистон шаш литсей дошта ва ҳамчунин сарпарастии литсейи байналмилалии Душанберо бар ӯҳда дошт. Нахуст фаъолияти ин литсейҳо хайриявӣ буд, вале баъд нархи таҳсил дар ин литсейҳо то ба 1000 доллар барои як соли хониш боло бурда шуд. Дар мавриди фаъолияти ин литсейҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон андешаҳо гуногун аст.

Бархе аз донишмандон ин литсейҳоро барои густариши андешаҳои пантуркистиву туркпарастӣ айбдор мекунанд, аммо бархе дигар бар инанд, ки сифати таълим дар ин литсейҳо хеле хуб аст ва шогирдон дар мактабҳои тоҷикӣ мисли ин литсейҳо имкони гирифтани дониши хубро надоранд.

XS
SM
MD
LG