Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз ин ба баъд дар бораи захираҳои тиллову асъор дар кишвар маълумот надиҳад. Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, рӯзи 2 август дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, сиррӣ шудани маълумот дар бораи захираҳои тилло ва асъор ба хотири он аст, ки мардум ба воҳима наафтанд.
Ба қавли Давлатзод, дар сурати ошкор кардани маълумот дар бораи захираҳои тилло ва асъор имкон дорад, мардум пасандозҳои худро аз бонкҳо гиранд ва, албатта, ин амр паёмади номатлуб хоҳад дошт. "Сиррӣ шудани маълумот дар бораи захираи тиллою асъор сиёсати давлат аст. Як воҳимаи беасос метавонад бовари мардумро ба низоми бонкӣ коста гардонад. Агар онҳо дар як рӯз тамоми пасандозҳои худро аз бонкҳо гиранд, вазъи иқтисоди мо чӣ мешавад?" - суол гузошт ӯ.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, ҳоло бо истифода аз фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ВВП) ё ҳаҷми умумии воридоту содирот рақамҳои умумиро эълон мекунанд, на арқоми мушаххасро. Ин таҷриба, ба гуфтаи ӯ, дар бештари кишварҳои пешрафта низ ба кор бурда мешавад.
Масалан, бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло ҳаҷми умумии захираҳои тиллою асъор аз 1,45 моҳи воридотии соли гузашта то ба 2,34 моҳи воридотӣ афзоиш ёфта ва аз ҷумлаи ин захира 90 дарсад тилло ва 10 дарсад асъори хориҷӣ мебошад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан мутахассисони Бонки миллӣ гуфта буданд, захираи тиллову асъори Тоҷикистон танҳо барои 72 рӯз мерасад. Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва гуфт, баъди шурӯи бӯҳрони молӣ қисме аз захираҳои тилло ва асъор барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ бароварда шуданд, то пеши роҳи коҳиш ёфтани арзиши сомонӣ гирифта шавад.
Зимнан, тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар аввалҳои соли ҷорӣ арзиши сомонӣ нисбати доллари ИМА 10,7 дарсад коҳиш ёфта, аммо дар моҳҳои март-июн Бонки миллӣ тавонистааст арзиши сомониро дар баробари асъори хориҷӣ дар сатҳи муайян нигоҳ дорад ва пеши роҳи поинравии арзиши онро бигирад.
Масъулони ин вазорат мегӯянд, ки ҳамакнун захираҳои тилло ва асъор барои 72 рӯзи воридотӣ кифоят мекунад. Ҳол он ки тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ин мӯҳлат 90 рӯзро бояд ташкил диҳад.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллӣ, дар нишасти хабарӣ рӯзи 25 июл гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар шароити феълӣ қурби пули миллӣ муътадил аст, ин ниҳоди молӣ талош дорад то меъёри нигаҳдории захираи тилло ва асъорро то ба 90 рӯз расонад.
“Бо мақсади афзун кардани захираҳои тиллою асъор як қатор чорабиниҳо анҷом шудааст. Дар ин давра ҳаҷми хариди тилло аз истихроҷкунандагони ватанӣ 45 дарсад зиёд шуд. Ҳоло дар Тоҷикистон корхонаҳои нави истихроҷи тилло фаъол шуда, хариди тилло аз ин корхонаҳо аз ҷониби Бонки миллӣ ва вазорати молия сурат мегирад. Ҳамчунин, 176 миллион доллар аз бозори байнибонкии асъор харидорӣ шудааст”.
Дар ҳамин ҳол, иқтисоддонҳои мустақил сиррӣ ё махфӣ сохтани маълумот дар бораи захираҳои тилло ва асъорро дар шароити иқтисоди бозорӣ як иқдоми ғайримуассир хондаанд. Азимҷон Насимов, як иқтисодшиноси мустақил мегӯяд: “Ин иқдом нодуруст аст. Дар ягон давлати дунё ин маълумот махфӣ нест. Масалан, давлати Русия ба таври мунтазам захираи тиллою асъорашро эълон мекунад. Одатан дар бозори сиёҳ маълумот махфӣ мешавад, дар иқтисоди бозорӣ бояд ҳама чиз шаффоф бошад. Барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ истеҳсолоти ватаниро тараққӣ дода талаботи халқро бо маҳсулоти худӣ таъмин кардан лозим аст”.
Ба эътиқоди ҷаноби Насимов, агар истеҳсолоти кишвар рушд карда ва ҳадди ақал 75 дарсади талаботи мардум бо маҳсулоти ватанӣ қонеъ шавад, захираи тиллою асъор ғанӣ шуда ва қурби пули миллӣ ҳам собит нигоҳ дошта мешавад. Ин дар ҳолест, ки феълан 80 дарсади маҳсулоти истеъмолии Тоҷикистон аз хориҷ ворид шуда ва ҳудуди 20 дарсад дар кишвар истеҳсол мешавад.